Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндагони Иттиҳоди Аврупо вазъ дар Афғонистонро баррасӣ намуд

Июль 17, 2021 11:59

ДУШАНБЕ, 17.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.

Имрӯз  дар Тошканд инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Терҳи Ҳакала баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июль 17, 2021 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд