Замони бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд

Июль 16, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 16.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 август дар варзишгоҳҳои мамлакат Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ  баргузор мешаванд. Дар ин давр дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе  бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо   «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-шаҳри Душанбе бо «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  байни ҳам бозӣ мекунанд.

Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Чанд рӯз пеш бозиҳои  даври сездаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд   баргузор шуданд. Дар ин давр дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   дар сафар бар дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар ва «Хуҷанд» дар майдони худ бар дастаи футболи  «Истаравшан»-и шаҳри Истарвшан бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд. Голи дастаи дастаи «Равшан»-ро Анвар Муродов ва голи дастаи футболи  «Хуҷанд»-ро Абдулмуъмин Забиров ба нишон расониданд.

Се бозии дигари давр бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаи футболи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеьро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Мубинҷон Муъминов ба ҳадаф расонд. Пас аз ин ғалаба дастаи футболи «Эсхата» ба ҷои дуюми ҷадвал баромад. Дар бозии дигар дастаи футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозингари дастаи  «Кӯктош» Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 7-ум ҳисобро кушод. Мизбонон тавассути Иззатулло Рӯзиев ва Амир Меъморӣ ду гол заданд. Бозӣ миёни дастаҳои КМВА – «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бидуни гол (0:0) анҷом ёфт.

Июль 16, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд