1301 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шуданд

Август 4, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаш моҳи соли равон  аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1301 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шуданд. Ин нуктаро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Дар ин давра аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 2 ҳолати суиқасд ба амали террористӣ, 1 амали террористӣ, инчунин 526 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ муайян ва ба қайд гирифта шуд.

«Дар 6 моҳи соли равон аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 143 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ дастгир карда шуда, 39 ифротгаро ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин аз соли 2015 инҷониб шумораи ба Тоҷикистон баргардонидашудагон 647 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин 8 оила низ ба Ватан оварда шуд»,- гуфт Рамазон Раҳимзода.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳи соли  равон 390 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 адад кам мебошад.

                                                    АКС аз АМИТ «Ховар»

 

Август 4, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид