АГЕНТИИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ ХАБАР МЕДИҲАД: Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе афзоиш дода мешаванд

Август 18, 2021 16:51

ДУШАНБЕ, 18.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тавре дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, ҷиҳати беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар кӯшишу талошҳои пайваста ба роҳ монда шуда, натиҷаҳои назаррасе ба даст оварда шудааст, ки ин ҳама барои барқарор кардани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ заминаи мусоиде фароҳам овардааст.

Аз ҷумла, аз 1 апрели соли 2021 парвозҳои байналмилалии мунтазам байни пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо зичии як парвозӣ дар як ҳафта ва инчунин, аз 10 июни соли 2021 боз бо зичии як парвозӣ аз ҳарду ҷониб барқарор шуда, айни замон ҳамагӣ 4 парвози мунтазамро дар як ҳафта дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе ташкил медиҳад. Дар баробари ин, бо мақсади муташаккилона сафарбар намудан ва ба ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, ба ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Русия иҷозат дода шудааст, ки тавассути парвозҳои чартерӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Федератсияи Русия интиқол диҳанд.

Бояд  тазаккур дод, ки бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори қабулнамудаи ҷониби Федератсияи Русия аз 27 августи соли 2021 парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе аз 4 парвозӣ дар як ҳафта ба 14 парвозӣ дар як ҳафта афзоиш дода мешавад. Афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ барои пурра қонеъ гардонидани талаботи мусофирон ба нақлиёти ҳавоӣ ва коҳиш ёфтани арзиши чипта заминаи мусоиде фароҳам меоварад.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар баробари афзоиш ёфтани парвозҳои мунтазами байналмилалӣ дар хатсайри Душанбе-Москва-Душанбе, қарор қабул карда шудааст, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Ҳуҷанд ва Кўлоб ба фурудгоҳҳои байналмилалии Федератсияи Русия, ки парвозҳои байналмилалӣ дар ин фурудгоҳҳо барқарор шудаанд, як парвозӣ дар як ҳафта дар ҳамаи самтҳои барқароршуда амалӣ карда шаванд.

Инчунин қобили зикр аст, ки бо зиёд гардидани парвозҳои ҳавопаймоӣ ва хатсайрҳои мунтазам ба самтҳои гуногуни Федератсияи Русия, арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ паст гардида, дастраси мусофирон мегардад.

Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд, ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд.

АКС аз бойгонии  АМИТ «Ховар»

Август 18, 2021 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш