АМА ба 5000 шаҳрванди Афғонистон паноҳгоҳи муваққатӣ медиҳад

Август 23, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Амороти Муттаҳидаи Арабӣ розӣ шудааст, ки бо дархости Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 5000 шаҳрванди Афғонистонро муваққатан қабул кунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд. 

«Рӯзҳои  наздик тахлияшудагон аз Кобул ба Амороти Муттаҳидаи Араб интиқол дода мешаванд», — гуфтанд дар вазорат.

Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб ба хабаргузории Reuters гуфтааст, ки паноҳандагон дар ин кишвар 10 рӯз хоҳанд монд. 

Ба куҷо ва кай ин одамон аз Амороти Муттаҳидаи Араб бароварда хоҳанд шуд, мушаххас нашудааст. Ҳоло Иёлоти Муттаҳидаи Амрико музокиротро бо якчанд кишварҳо дар масъалаи қабули паноҳандагони афғон идома медиҳад.

Президенти Амрико Ҷо Байден рӯзи ҷумъа гуфт, ки Амрико аз 14 август инҷониб тақрибан 13 ҳазор нафарро аз Афғонистон тахлия кардааст. Миёни онҳо низомиён ва ғайринизомиёни Иёлоти Муттаҳида ва дигар давлатҳо, аз ҷумла афғонҳое, ки аз Толибон гурехтаанд, ҳастанд.

Қаблан Колумбия низ омодагии худро барои додани паноҳгоҳи муваққатӣ ба паноҳандагони Афғонистон  эълон карда буд.                                                  

АКС аз манбаъҳои боз

Август 23, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид