Аз 17 то 20 август машқҳои тактикии муштараки Тоҷикистон ва Чин баргузор мегарданд

Август 17, 2021 08:34

ДУШАНБЕ, 17.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 20 август машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар ин бора 16 август зимни вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин таҳти роҳбарии Лю Юнфэн изҳор гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, машқҳои тактикӣ оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор сурат мегиранд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкории манфиатбахш изҳори хушнудӣ намуданд.

 

АКС аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ

Август 17, 2021 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид