Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ маҳфили фарҳангӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат арзиши олӣ дошта, заминаи асосии мавҷудияти давлат ва кафили рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои арзишманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил гардид, ки ҳифз ва тақвияти он вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди бо нангу номуси ин миллат мебошад.
Ин нуктаро 24 август зимни маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Ганҷинаи ҳикмат» ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи китоб, ки аз ҷониби шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуд, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода баён дошт.
Ба андешаи мавсуф, зарфи 30 сол дар фазои соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайваста ва ташаббусҳои Сарвари хирадманди давлат барои рушди китобдорӣ ва китобхониву маънавиёти мардум, бахусус наврасону ҷавонон дастоварду пешравиҳои хуби фарҳангӣ фароҳам оварда шудаанд. Китобхонаи миллӣ аз дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.
Бо мақсади ҷалби хонандагони хурдсол дар Китобхона шуъбаи кӯдакон ва наврасон фаъолият намуда, ҷиҳати таъмини онҳо бо китобҳои тозанашр, бозиҳои шавқовари зеҳнӣ ва фароғат шароити арзанда фароҳам оварда шудааст.
Зикр шуд, ки тавассути баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки се сол инҷониб бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад, инқилоби маънавие миёни хонандагон ба вуҷуд омад. Ҳамарӯза садҳо нафар хонандагон ба шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ омада, ба озмуни мазкур омодагӣ мебинанд.
Дар шуъбаи кӯдакон ва наврасон бо ҷалби адибону нависандагони маъруфи кишвар пайваста маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд. Хонандагон роҷеъ ба асарҳои адибони дӯстдоштаи худ, интихоби китобҳои шавқовару хонданбоб ва ғайра маълумот мегиранд.
Дар маҳфили фарҳангии «Ганҷинаи ҳикмат» як зумра шоирон, адибон ва нависандагони кӯдакон, хонандагони фаъоли шуъбаи кӯдакону наврасон, аз ҷумла иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок ва дар васфи Ватан, истиқлолу ваҳдат ва китоб шеърҳо қироат намуданд.
Дар қисмати фарҳангии барнома баромади театрикунонидаи хонандагони шуъбаи кӯдакон ва наврасон манзури меҳмонон ва иштирокчиён гардонида шуд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд






