Чин ва Тоҷикистон дар дараи Ромит силоҳи навтаринро озмуданд

Август 20, 2021 10:44

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дар машқгоҳи Марғоби дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои муштараки тактикии сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин баргузор шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд.

Ҷараёни онро муовини Вазири корҳои дохилӣ Саиднахш Раҳмонзода ва намояндаи Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Юнфэн мушоҳида карданд. Машқҳо таҳти назорати шахсии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода баргузор шуданд

Машқҳо бо истифода аз навтарин аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла силоҳи низомӣ, танкҳо ва тӯпҳои дурпарвоз, ҳавоӣ, дронҳо гузаронида  шуданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки машқҳои тактикии Тоҷикистон ва Чин барои баланд бардоштани малакаи касбии сарбозони неруҳои хосса, табодули таҷриба дар мубориза бо терроризм дар шароити кӯҳистон зарур мебошанд. Имрӯз машқҳои мазкур хотима ёфта, натиҷаҳои он ҷамъбаст карда мешаванд.

АКСҲО: ВКД ҶТ

Август 20, 2021 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид