COVID-19 ҲАЗЛ НЕСТ! Антиваксинатори маъруфи ИМА бар асари коронавирус даргузашт

Август 9, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барандаи телевизион ва радиои амрикоӣ Дик Фарелл, ки аз шунавандагонаш даъват мекард, то ки  ваксинаи зидди COVID-19 нагиранд, пас аз гирифтор шудан ба коронавирус аз олам даргузашт. Тавре  АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора 8 август нашрияи «The Guardian» иттилоъ дод.

Фарелл ҷонибдори президенти пешини ИМА Доналд Трамп буд ва аз сартабиби санитарии ин кишвар Энтони Фаучӣ интиқод мекард. Фарелл Фаучиро «дурӯғгӯ ва аз роҳ зананда» меномид ва аз моҳи июн инҷониб мардумро алайҳи ваксина ташвиқ менамуд.

Ба иттилои нашрия, пас аз бемор шудан ва дар беморхона бистарӣ гардидан, ӯ ақидаи худро дар бораи ваксинаҳо тағйир дод. Дӯсти наздики ӯ ва ҳамчунин антиваксинатор Эми Ли Хейр гуфт, ки баранда ба ӯ паём навишта, даъват кардааст, ки ваксина гирад. Фаррелл инчунин ба вай навиштааст, ки ӯ низ мехоҳад ваксина гирад ва «вирус  ҳазл  нест».

 

ДАР АКС: Дик Фарелл. Акс аз рӯйи навор: Дик Фарелл Шоу / YouTube

Август 9, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон