Дабири кулли СААД: Тоҷикистон марз бо Афғонистонро дилпурона назорат мекунад

Август 24, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 24.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар сарҳад бо Афғонистон зери назорати Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  қарор дорад,  бинобар ин зарурияти ба он ҷо фиристондани  неруҳои иловагӣ  мавҷуд нест. Тавре АМИТ «Ховар»  бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз дар мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Станислав Зас  таъкид намуд.

«Ҳоли ҳозир сарҳадбонони тоҷик, қувваҳои мусаллаҳ ба таври кофӣ дилпурона вазъи сарҳади Тоҷикистон  бо Афғонистонро назорат мекунанд. Бинобар ин зарурияти ҷалби неруҳои иловагӣ ҷиҳати ҳифзи сарҳад вуҷуд надорад», — гуфт Зас. – Албатта, кумак ба сарҳадбонони тоҷик оид ба таҷҳизонидани техникӣ зарур аст. Тадбирҳо дар ин самт, аз ҷумла дар шакли ҳамкориҳои дуҷониба,  андешида хоҳанд шуд.

Ӯ илова намуд, ки  агар чунин зарурият пеш ояд,  СААД масъалаи ба минтақа фиристондани неруҳои иловагиро баррасӣ хоҳад намуд. «Мо ҳамаи имкониятҳоро дорем, ки амнияти дилхоҳ давлатеро, ки шомили СААД мебошад, таъмин созем», — хулоса кард Дабири кулли СААД Станистав Зас.

АКС: © Sputnik / Виталий Анков 

Август 24, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид