Дар Афғонистон 12 нафар аз як хонавода бар асари таркиш кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шарқи Афғонистон дувоздаҳ нафар аз як хонавода кушта шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии Ariana News.
Фоҷиа дар ҳудуди вулусволии Сайёд Карами вилояти Пактиё рух додааст.
Тибқи иттилои хадамоти амниятӣ, ин хонавода дар автобуси хурд ҳаракат мекард, ки аз минаи канори роҳ таркидааст.
«Дар натиҷаи таркиши нақлиёт дувоздаҳ нафар аъзои оила, аз ҷумла кӯдакон кушта ва ду нафари дигар маҷруҳ шуданд», — гуфт манбаъ.
То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти таркишро бар уҳда нагирифтааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона байни неруҳои ҳукуматӣ ва аъзои ҳаракати радикалии «Толибон», ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, идома дорад. Ҷангҷӯён дар пасманзари хуруҷи неруҳои ИМА ва СПАШ аз Афғонистон фаъол шуданд ва дар муддати кӯтоҳ баъзе қаламрави ин кишварро ишғол карданд.
Чанде пеш «Толибон» эълон карданд, ки музофотҳои Қундуз ва Сари Пулро таҳти назорат гирифтаанд, аммо мақомоти Афғонистон иддаои онҳоро рад карданд.
Бино ба гузориши Tolo News, дар шаҳри Қундуз миёни ифротгароён ва артиши Афғонистон задухӯрдҳои шадид ҷараён доранд. Ба толибон муяссар гардидааст, ки маркази нуқтаи аҳолинишинро ишғол намоянд.
АКС аз Report








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






