Дар Бадахшон 36 нафар иштирокчиёни даври вилоятии озмуни «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ХОРУҒ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз миёни зиёда аз 200 нафар довталабони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 нафарашон дар номинаҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва бастакорӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, бо дипломҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм сарфароз гардонида шуданд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, раиси вилоят Ёдгор Файзов дар маросими ҷамъбасти озмун иштирок намуда, барои ширкати фаъол дар баргузории озмун ба аҳли фарҳанг, ҳакамону довталабони озмуни вилоятӣ арзи сипос намуд. Мавсуф гуфт, ки «имрӯз бо чашми худ дидем, ки саъю талоши дастандаркорони озмун натиҷаи хуб ба бор овард. Зеро яке аз ҳадафҳои ин озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат ва рушди минбаъдаи малакаву маҳорати онҳо ба шумор меравад. Имрӯз мо дар боғи санъат чеҳраҳои нав кашф намудем ва акнун вақти он расидааст, ки маҳорату малакаи касбиашонро такмил диҳем, барояшон беҳтарин намунаҳои оҳангу таронаҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлол, нақши Пешвои миллат дар эъмору таҳкими давлатдории навини тоҷиконро интихоб намуда, бо шаклу мазмуни наву ҷолиб манзури сокинони пойтахти кишвар гардонем. Ман умедворам, ки ғолибони даври вилоятӣ дар озмуни ҷумҳуриявӣ бо оҳангу таронаҳои ҷаззобу мафтункунанда дили ҳакамону тамошобинонро тасхир хоҳанд кард».
Ҳунарпешаи маъруфи ҷумҳурӣ, узви ҳайати ҳакамон Соҳиба Давлатшоева гуфт, ки «Бадахшон бо ҳунару фарҳанги худ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷаҳон низ машҳур аст ва ҳунарнамоии имрӯзаи навниҳолони боғи санъат бори дигар ин гуфтаҳоро собит сохт. Маҳорату истеъдод, ғайрату лаёқати довталабони озмуни вилоятӣ моро ба ояндаи неки санъати пурғановати мардуми кӯҳистон боз ҳам бештар хушбин месозад».
Дар маросими ҷамъбасти озмун 9 нафар ғолибон бо дипломи дараҷаи сеюм, 12 нафар бо дипломи дараҷаи дуюм ва 17 нафар бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардонида шуданд.
Акс аз АМИТ «Ховар»








ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид






