Дар Душанбе доир ба рушди хизмати давлатӣ дар даврони истиқлол конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 31.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо равандҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, низоми нави сиёсӣ, рушди иқтисоди миллӣ, ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ ва татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо робитаи зич дорад. Қабули аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 бо ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалан низоми хизмати давлатии миллии Тоҷикистони соҳибистиқлолро поягузорӣ намуд. Ин матлабро зимни Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони Истиқлол» ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъа Давлатов баён дошт.
Ҷумъа Давлатов афзуд, ки бо мақсади ташкили низоми самараноки хизмати давлатӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2001 дар низоми идоракунии давлатии Тоҷикистон мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ – Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Таъсиси ин ниҳод яке аз дастовардҳои замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба ташаккули хизмати давлатӣ, ислоҳот ва рушди он заминаи мусоид фароҳам овард.
Имрӯз фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ ба такмили хизмати давлатии касбӣ равона гардида, ин ниҳоди зодаи даврони истиқлол барои таъмини идоракунии самаранок тавассути татбиқи технологияҳои кадрӣ ва омода намудани хизматчиёни давлатии ба талаботи замон ҷавобгӯ қадамҳои устувор мегузорад.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат баробар ба рушди соҳаи хизмати давлатӣ иштироки ду қишри асосии ҷомеа — бонувон ва ҷавонон дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ бо истифода аз роҳу усулҳои муосири тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо тақвият дода шуд.
Воқеан, хизмати давлатӣ хизмат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон буда, хизматчиёни давлатӣ узви мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Имрӯз ҳар хизматчии давлатӣ бояд савганди ёдкардаи худро пос дошта, намунаи садоқат ба ватану миллат ва Конститутсия, тимсоли ростқавлию поквиҷдонӣ, меҳанпарастию масъулиятшиносӣ бошад ва дастрас будан ба мардум, робитаи наздик доштан бо аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти мардум, татбиқи ҳамкории созанда бо ҷомеаро асоси фаъолияти худ ва мақомоти давлатӣ шуморад. Дар як вақт савганди ёдкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 октябри соли 2020 бояд ба рӯзномаи кории ҳар хизматчии давлатӣ табдил ёбад.
Дар ҷараёни конференсия вобаста ба масоили мухталифи хизмати давлатӣ ва рушди он маърӯзаҳои илмӣ-амалии «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши занон дар идоракунии давлатӣ», «Рушди хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масоили таҳсили хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои асосии такмили он», «Тамоюли омодасозии кадрҳои ҷавон дар сиёсати давлатии ҷавонон» ва ғайраҳо шунида ва муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон дар ҷамъбасти конференсия як зумра собиқадорон, хизматчиёни давлатие, ки дастовардҳои хизматӣ доранд, одоби касбии намунавӣ зоҳир намудаанд, дар татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд, бо мукофотҳои идоравӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Дар кори конференсия Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар Давлатзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Файзуллозода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода, ҳамчунин собиқадорони соҳаи хизмати давлатӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои маҳаллии Агентии хизмати давлатӣ, олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
АКСҲО аз Агентии хизмати давлатӣ










Дар Фестивали байналмилалии «Интермузей. БРИКС+» густариши ҳамкорӣ байни осорхонаҳо баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид
Бахшида ба 35-солагии робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ намоиши аксҳо ифтитоҳ ёфт
Аъзои ҳайати шаҳри Санкт-Петербург дар Осорхонаи миллӣ бо давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги бостонии тоҷикон шинос шуданд
35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Дабири кулли САҲА дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо тамаддуни миллати тоҷик шинос шуд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






