Дар Душанбе машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Тоҷикистону Чин идома доранд

Август 19, 2021 09:20

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, аз 17 то 20 август машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор мегарданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати коҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

18 август дар варзишгоҳи «Спитамен»-и Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД маросими кушодашавии машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ВКД бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар шароити кӯҳсор оид ба мубориза бар зидди терроризм, инчунин мубориза бо дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил доир гардид.

Машқҳои мазкур бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии ҶТ полковники милитсия Саиднахш Раҳмонзода ифтитоҳ гардид. Зикр карда шуд, баргузор гардидани машқҳои якҷояи тактикӣ ба он хотир рохандозӣ гардидааст, ки байни кормандони воҳидоти таъиноти махсуси милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии кишвари ҳамсоя мубодилаи таҷриба сурат гирифта, кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ омода гарданд.

Дар идома байни намояндагони сохторҳои қудратии ин ду кишвар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили варзиши сабук доир гардид.

Аксҳо: ВКД ҶТ

Август 19, 2021 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид