Дар Душанбе зиёда аз як тонна маводи гуногуни мухаддир бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд
ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз тариқи сӯзонидан 34 кг 390 гр героин, 214 кг 563 гр афюн, 605 кг 483 гр бангдона, 272 кг 504 гр ҳашиш ва дигар намуди моддаҳои нашъадор несту нобуд карда шуданд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳузури намояндагони ВАО, мақомоти прокуратура, суд ва дигар ташкилоту идораҳои марбута зиёда аз як тонна навъҳои гуногуни ин бори марговарро тариқи сӯзонидан маҳву нобуд намуданд.
Дар ин чорабинӣ ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, аз ҷумла, 216 гр “Амфетамин”, 1кг 971 гр “Метамфитамин”, 1кг 946 гр “Метадон”, 1кг 127 гр “Алпразолам” низ тариқи сӯзонидан маҳв карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки маводи нашъадори сӯзонидашуда он далелҳои шайъие буданд, ки аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб мусодира гардидаву нисбаташон ҳукми суд содир шудааст.
АКС: ВКД ҶТ








Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






