Дар Кобул субҳидам таркиши шашум рух дод
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гуфта мешавад, ки дар Кобул боз як таркиши дигар рух додааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба шабакаи телевизионии Афғонистон 1TV хабар медиҳад.
Агентии Reuters бо истинод ба шоҳидони воқеа зикр мекунад, ки ҳодисаи нав 3-4 км дуртар аз фурудгоҳ рух додааст. То кунун, тибқи иттилои расида, дар пойтахти Афғонистон шаш таркиш ба амал омадааст.
Тавре АМИТ “Ховар” қаблан иттилоъ дода буд, дирӯз ду таркиши интиҳорӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул рух доданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи охирин гузоришҳои расонаҳо, дастикам 60 нафар, аз ҷумла 12 низомии амрикоӣ ҷон бохтанд. Масъулияти ин таркишҳоро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”(ДОИШ), ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст, бар дӯш гирифт. Ҳаракати радикалии “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ин ҳодисаро бо қатъият маҳкум кард ва ваъда дод, ки гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ мекашад.
Бино ба маълумоти пешакие, ки АМИТ «Ховар» дарёфт намудааст, миёни кушташудагон ва захмиён бар асари ин таркишҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, як рӯз пеш аз таркишҳо як ҳавопаймои махсуси Вазорати мудофиаи Русия бо кумаки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Кобул берун оварда, ба Душанбе расонд. Дар маҷмӯъ, 4 ҳавопаймои ҳарбии авиатсияи нақлиётии Вазорати мудофиаи Русия беш аз 500 шаҳрванди Федератсияи Русия ва кишварҳои узви СААД (Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон), инчунин Узбекистон ва Украинаро бо кумаки сарони давлатҳои ин кишварҳо аз Кобул берун оварданд.
АКС: twitter.com








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






