Дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон» миёни Тоҷикистон, Русия ва Узбекистон машқҳои муштараки васеи низомӣ ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 1 август дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва тибқи созишномаҳои қаблан ба тасвиб расида миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон дар машқгоҳи низомии «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат машқҳои муштараки васеи низомӣ оғоз шуданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар машқҳои муштараки васеи низомӣ зиёда аз ду ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи се давлат иштирок намуда, дар он 25 адад чархболҳои чангиву нақлиётӣ, ҳавопаймоҳои бомбаандозу қиркунанда, қариб 300 адад техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву махсус, тӯп ё воситаҳои гуногуни артиллерӣ, техникаҳои автомобилӣ, силоҳу муҳимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ ва дигар лавозимоти махсуси низомӣ истифода мешаванд.
Ҳадаф аз баргузор намудани машқҳои муштараки васеи низомӣ — амалан санҷидани иҷрои вазифаҳои ҷангии ҷузъу томҳо ҳангоми номуътадил гардидани вазъият дар сарҳади давлатӣ, сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон дар ташкили амалиёти муваффақонаи низомӣ, ҳамоҳангии ҷузъу томҳо дар сурати ба вуқӯъ пайвастани ҳама гуна таҳдиди хатар, вусъат додани қувва ва воситаҳои моддӣ-техникӣ мебошад.
Инчунин омўзишу аз бар намудани минтақаву мавзеъҳои ҷуғрофӣ зимни доир кардани амалиёти ҷангӣ ва сафарбарии қӯшунҳо дар самти гузаронидани тамринҳои мухталифи зиддитеррорӣ дар минтақаҳои марзӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳадафҳои асосии машқҳои муштараки васеи низомӣ мебошад.
Машқҳои муштараки васеи низомӣ 10 август хотима меёбанд.
АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






