Дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб» машқҳои тактикии муштараки Тоҷикистон ва Чин гузаронида шуданд

Август 19, 2021 15:51

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар машқгоҳи саҳроии «Марғоб»-и Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор роҳандозӣ гардиданд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Айни замон машқҳои тактикии муштарак бо истифода аз силоҳу муҳимоти навтарини муосир, аз ҷумла яроқу лавозимоти ҳарбӣ, танку тӯпҳои дурандоз, неруҳои ҳавоӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва артиллерияи ҷангӣ муваффақона идома доранд.

Мақсади баргузории машқҳои тактикӣ- ин баланд бардоштани малакаи касбии кормандони таъйиноти махсус, табодули таҷриба дар мубориза бар зидди терроризм дар шароити кӯҳсор ва омода намудани кадрҳои баландихтисос маҳсуб мешавад.

Ҷараёни машқҳои тактикии якҷояи сохторҳои махсуси ҳарду кишварро муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Саиднахш Раҳмонзода, намояндаи Вазорати бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Юнфэн, сардорони раёсатҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ роҳандозӣ намуда, зери назорати Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода қарор дорад.

Хотиррасон менамоем, ки машқҳои мазкур 17 август оғоз гардида, 20 август анҷом меёбанд.

                                                                     АКС аз  ВКД ҶТ

Август 19, 2021 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид