Дар Москва тамрини муштараки зиддитеррористии хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ гузаронида шуд

Август 19, 2021 11:06

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти махсуси нуҳ кишвари узви ИДМ машқҳои муштараки фармондеҳӣ-ситодиро барои омодагӣ ба тамринҳои зиддитеррористии «Каспий-Антитеррор-2021» гузарониданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дафтари матбуоти Маркази зиддитеррористии ИДМ хабар додааст.

«Барои иштирок дар тренинг ҳайатҳои мақомоти амниятӣ ва хадамоти махсуси Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, мақомоти ИДМ — хадамоти ҳамоҳангсозии Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Котиботи Шӯрои вазирони мудофиа, Шӯрои роҳбарони бахшҳои разведкаи молиявӣ, намояндагони факултети амнияти маҷмӯии Донишгоҳи давлатии нафту гази Русия ба номи И.М.Губкин омадаанд», — шарҳ доданд дар дафтари матбуот.

Дар тренинг афсарони иктишофӣ вазифаҳои маъмулии вазъиятро барои муайян кардани нишонаҳои ҳамлаҳои террористӣ ба объектҳои инфрасохтори баҳрӣ ва саноати нафту газ ва пешгирии онҳо, механизмҳои ташкили ҳамкории байниидоравӣ ва байнидавлатӣ ва алгоритмҳои истифодаи иқтидори системаҳои иттилоотии истифодаи дастаҷамъонаи ИДМ-ро баррасӣ карданд.

Инчунин ба иштирокчиёни тренинг дар бораи мафҳуми умумӣ ва тартиби гузаронидани марҳилаҳои машқ маълумот дода шуд.

Марҳилаи аввали машқҳо дар қаламрави ҳашт давлати Иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон — аз 23 то 26 август, марҳилаи дуввум — 2 сентябр дар шаҳри Актауи Қазоқистон гузаронида мешавад.

                                                                    Акс аз бойгонӣ/Акс:  https://www.sns.am/

Август 19, 2021 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид