Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо СММ, САҲА ва Австрия дар самти муқовимат ба терроризм ва экстремизм баррасӣ шуд

Август 4, 2021 13:35

ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 август дар доираи сафари корӣ ба Австрия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо роҳбари Дафтари Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар Вена, раиси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ҳамзамон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ғода Фатҳӣ Валӣ мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар, хатару чолишҳои вобаста ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, зиёд шудан ва зарурати пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо коррупсия, мусоидат дар татбиқи муштараки «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Ғода Фатҳӣ Валӣ махсусан иброз дошт, ки барномаҳои татбиқшаванда ва лоиҳаҳои нави Раёсат дар Осиёи Марказӣ бо нигоҳ ба маълумоти дастрасгардида ва бо инобати хатару чолишҳои имрӯза бознигарӣ карда мешаванд.

Дар ин замина сафари коршиносони аршади Раёсат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои дуҷониба вусъат дода шуда, дар самти баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ва дуҷонибаи муштарак мусоидат карда мешавад.

Худи ҳамон рӯз Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон инчунин бо Директори Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) — муовини роҳбари Котиботи САҲА хонум Туула Юреля ва роҳбари Раёсати хатарҳои фаромиллии ниҳоди мазкур хонум Елена Купчина мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот вазъи кунунии татбиқи барномаҳои САҲА дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва инсонӣ баррасӣ шуда, дастгирии САҲА дар татбиқи муштараки «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва чорабиниҳои мушаххаси он таъкид гардид.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи роҳ надодани иштироки шахсони ҷиноятпеша дар чорабиниҳои САҲА, вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои аъзои САҲА ва берун аз он, муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, мусоидат дар рушди инфрасохторӣ ва зеҳнии кормандони мақомоти прокуратура ва дигар масъалаҳои мубрами боиси таваҷҷуҳи якдигарро баррасӣ намуданд.

Ба мувофиқа расида шуд, ки ояндаи наздик сафари корӣ ва тахассусии роҳбарияти САҲА ба Тоҷикистон сурат гирад.

3 август дар доираи сафари корӣ ба Австрия Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо Директори генералии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Австрия, муовини Прокурори генералӣ, намояндагони баландпояи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ва дигар шахсони расмӣ мулоқот кард.

Зимни гуфтушунидҳо масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои байналмилалии СММ, вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва хавфи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо бо мисолҳои мушаххас, расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба муносибатҳои мустақими дуҷониба тақвият бахшида, дар самти мухталифи ҳамкории ҳуқуқӣ аз ҳарду ҷониб мусоидат карда шавад.

Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хотима ёфт.

 

АКСҲО аз Прокуратураи генералии ҶТ

Август 4, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид