Давлатҳои СААД ба мувофиқа расиданд, ки оид ба вазъ дар Афғонистон изҳороти муштарак таҳия кунанд

Август 24, 2021 11:10

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар иҷлосияи ғайринавбатӣ ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ оид ба вазъ дар Афғонистон изҳороти муштарак таҳия карда шавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора Дабири кулли СААД Станислав Зас (ДАР АКС) изҳори назар кардааст.

Тавре қаблан хабар додем, 23 август таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

«Имрӯз зимни муҳокима сарони давлатҳои мо чунин андешаро иброз доштанд, ки бояд дар муддати кӯтоҳ мавқеи мувофиқашудаи СААД оид ба вазъияте, ки ҳоло дар Афғонистон ва атрофи он рух медиҳад, муайян карда шавад. Мо ин корро дар ояндаи наздик анҷом медиҳем. Ба иҷлосия [Шӯрои СААД], ки 15-16 [сентябр] баргузор мешавад, мо изҳороти муштаракро оид ба вазъ дар Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки дар он мавқеи муттаҳидшудаи ҳамаи давлатҳои мо ифода хоҳад ёфт, омода месозем», -иқтибос меорад ТАСС суханони Дабири кулли СААДро.

Зас гуфт, ки сарони кишварҳои узви СААД зарурати муттаҳид сохтани талошҳоро бо Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба Афғонистон таъкид намуданд.

«Бешубҳа, имрӯз зарурати ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, бо СҲШ дар мавзӯи Афғонистон ба миён омадааст», — гуфт ӯ.

Ба гуфти ӯ, иштироки Узбекистон дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД аз он шаҳодат медиҳад, ки шарикони ин созмон омодаанд вазъ дар Афғонистонро муҳокима кунанд ва эҳтимол амалҳои худро ҳамоҳанг созанд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи  навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД дар шакли ҳузурӣ 16 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 24, 2021 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд