Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Роҳбарияти Вазорати молия ҷиҳати пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад»

Август 21, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 21.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дирӯз, 20 августи соли равон зимни суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Вазорати молия, роҳбарияти ин ниҳод вазифадор карда шуд, ки ҷиҳати риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияту масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои қатъӣ андешад ва низоми идораи вазоратро дар ин самт ба таври ҷиддӣ тақвият бахшад. Зеро иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва дар ин замина мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз мутахассис то роҳбарияти Вазорати молия масъулияти дучандро талаб менамояд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар натиҷаи тафтиши фаъолияти Вазорати молия ва ҳафт сохтори зертобеи он, ки соли 2020 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ, ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ зарарӣ молиявӣ ошкор гардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

“Таъкид месозам, ки зарари молиявии калон асосан дар дастгоҳи марказии вазорат ошкор шудааст”-иброз намуданд Пешвои миллат.

Инчунин зикр карда шуд, ки ҳолати мазкур аз мавҷуд будани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ ва суйистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар низоми Вазорати молия шаҳодат медиҳад.

“Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки фаъолияти кормандони масъули мақомоти молия дар баъзе ҳолатҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз ҷониби онҳо баъзан содиршавии амалҳои ношоиста, аз ҷумла даст задан ба ҷиноятҳои хислати иқтисодидошта ва кирдорҳои коррупсионӣ ба назар мерасанд”, — илова карданд Сарвари давлат.

Сарвари давлат афзуданд, дар ин робита, бо эътимоди комил изҳор медорам, ки кормандони мақомоти молия аз камбудиву мушкилоти зикршуда хулосаҳои зарурӣ бароварда, тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати худро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона месозанд ва дар оянда бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳми хешро дар рушди давлат ва ободии Ватан мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуотии Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Август 21, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон