«ДИДАӢ ОЁ, КИ ДОРУ ДАР ҲАВО БОШАД?». Ва ё Уреҷ — мавзеи дӯстдоштаи сайёҳон дар Тоҷикистон

Август 8, 2021 11:27

ДУШАНБЕ, 08.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистони биҳиштосои мо дар кӯҳсорони сарсабзу шодобаш манзараҳое дорад фавқулода зебо, бешабеҳ ва нотакрор, ки наметавон тасвири онро бо қалам дар саҳифае ғунҷонд. Танҳо пас аз дидан ба дидагони бино ва эҳсос намудан бо ҳама эҳсосот метавон онро  баҳогузорӣ кард ва зебоии нотакрору шигифтангезашро дарк намуд. Яке аз чунин мавзеъ ва манзараҳои нотакрор ва бешабеҳ Уреҷ аст, ки дар иҳотаи кӯҳҳои сар ба фалак ва сабзу хурраму шодоби диёрамон ҷойгир мебошад. Уреҷ номи яке аз мавзеъҳоест дар роҳи ҷониби Кӯли Калон дар болооби дарёчаи кӯҳии Уреҷ, дар кӯҳсори Панҷакент, болотар аз деҳаҳои Панҷрӯд, Артучу Мадовра ва Яккахона, ки ҳанӯз дар замонҳои Шӯравӣ дар қаламрави хатсайри сайёҳони олам ҷойгир ва хусусан дар олами сайёҳони хориҷӣ машҳур будааст. Дар мавриди ин қаламрав сайёҳони ғарбӣ маълумот, дастур ва харитаҳои касбии зиёде интишор додаанд, аз ин рӯ он ба сайёҳони касбӣ хуб шинос аст. Аслан нуқтаи баланди ин хатсайр дар ин мавзеъ Кӯли Калону пиряхҳои Чимтарға мебошанд, ки пас аз фатҳи онҳо сайёҳон роҳашонро ба ҷониби кӯлҳои Аловуддину Искандаркӯл идома медиҳанд.

Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар мавриди мавзеи сайёҳии Уреҷ, ки ҳамасола сайёҳони зиёди дохиливу хориҷиро мафтуни зебоиҳои нотакрори худ месозад. Дар зер идомаи таассуроти муаллиф манзури хонандагон мегардад.

-Дар ҳудуди мавзеи Кӯли Калон, ки ҷангал, марғзор, чашмаву сарчашмаҳо ва рӯдҳои равону шодоб дорад, боз чандин кӯлҳои зебову шодоб, аз ҷумла  кӯлҳои Бибиҷон, кӯли Хунин, кӯли Чуқурак, кӯли Сафед ҷойгиранд.  Кӯли Хунин ҳам як кӯли зулолу мусаффост, аммо ба хотири он Хунин ном гирифтааст, ки дар қаъраш гиёҳҳони дарозу анбӯҳи зиёде дорад, ки ҳар ҷонвар ва ё инсони ба он воридшударо дар ҳалқаи худ чунон мепечонад, ки онҳо дигар наметавонад аз он бурун оянду ҷон ба саломат бубаранд.


Бояд гуфт, ки ҷангали Кӯли Калон шаст-ҳафтод сол пеш чунон анбӯҳ ва ба ҳам зич буд, ки аз пайроҳаҳои он гузашта,  одамеро, ки ду-се қадам он сӯтар аз шумо меомад, намедидед. Ва дар пайраҳаҳои байни ҷангал аз таҳи по ҳар замон харгӯше давида мегузашту дар сари сангҳо кабку мурғи ҳилол нағмасароӣ мекарданд. Банда ин манзараҳоро аз замони кӯдакӣ дар ёд дорам, зеро дар Кӯли Калон деҳаи мо Панҷрӯд ва деҳаҳои ҳамсояи мо авул ва чарогоҳ доштанд.  Мутаассифона, дар солҳои гузаштаи наздик мардум ба хотири ҳезум ҷангалҳоро зиёд буриданд. Имрӯз аз он ҷангалзори анбӯҳи саршори гулу гиёҳ ва ҷонварҳои мухталиф, аз ҷумла  гургу хирс  нишоне намондааст. Ман худ дар наврасӣ бо рафиқони ҳамсафарам дар пайроҳаи муқобил субҳи барвақт хирсро дар ин мавзеъ дида будам.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, дар пайроҳаҳои Кӯли Калон ва аслан дар ин қаламрави сайёҳӣ метавон бо сайёҳон аз аксари кишварҳои дунё, хусусан аз Олмон, кишварҳои Балтика, Фаронса, Италия, Чеху Словакия Русияву Украина ва бисёр давлатҳои дигар рӯ ба рӯ омад. Ин сайёҳон аз Кӯли Калон, хусусиятҳои ин мавзеъ хуб огоҳӣ дошта, харитаҳои ин қаламравро дар даст доранд. Зеро аксари сайёҳон таасуроти худро аз ин қаламрави сайёҳӣ навиштаву интишор додаанд. Баъзеи ин сайёҳон ба ин қаламрави сайёҳӣ чунон сахт дил бастаанд, ки бори чандум аст ба ин ҷо меоянду бо худ дигаронро меоранд. Одатан онҳо дар канори ин кӯлҳои зулолу шодоб, дар таҳи арчаҳои сарсабзу рӯи сабзаҳои хуррам хаймаҳо задаву таваққуф  мекунанд.

Уреҷ як мавзеест то Кӯли Калон, ки аз канори роҳ то Кӯли Чуқурак майдони бузургеро фаро мегирад. Ин мавзеъ бо ҷангалзори анбӯҳи сарсабз, обшору ҷӯйбори нуқрагун, гулу гиёҳҳои хуштароват, биноҳои хуштарҳ барои мизоҷон хеле ҷолибу дилрабост. Ин мавзеъ ҳанӯз дар замони шӯравӣ Алплагер ном дошта, мавзеи машҳури истироҳатии кӯҳнавардони шӯравӣ гардида буд. Акнун, дар замони Истиқлоли давлатии кишварамон, ин мавзеъ, хусусан баъди Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Эраҷ Муҳаммадҷонзода бозсохту тармим шуда, ободтару зеботар гардид ва дар он бо имконияти боз ҳам беҳтар  барои истироҳаткунандагон ва сайёҳон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.


Дар фасли тобистон таваққуфгоҳ ва истироҳатгоҳи Уреҷ пур аз истироҳаткунандагон ва сайёҳони худиву хориҷӣ буда, дар меҳмонхона ва коттеҷҳои тозаву навбунёд  бо фароҳам овардани ҳама шароит дар сатҳи баланд омодаи қабули меҳмонҳост.

-Ҳоҷатмандоне, ки ба ин истироҳатгоҳ меоянд, хусусан онҳое, ки хастагиҳои асабиву равонӣ доранд, зуд шифо меёбанд. Аз ин рӯст, ки сафи муштариёни Уреҷ сол то сол меафзояд. Дар ин ҷо муштариён аз доруву дармонҳои духтурон  истифода намебаранд, зеро дар ин ҷо худи ҳаво, табиат, манзараҳои биҳиштӣ, ҷӯйбори мусаффои оби равони зулол, чашмаҳову таровати ҷангал ва ғайра одамонро табобат мекунанд, ба онҳо рӯҳияи солим ва қавӣ мебахшанд. Худи банда, ки бо нишонаҳои хастагии асаб ба ин мавзеъ омадам, дар рӯзи аввал беҳбудӣ эсос кардаву дар тӯл панҷ рӯз шифо ёфтам,-иброз медорад Камол Насрулло.

Дар коттеҷҳои навбунёди Уреҷ тамоми шароит, чунонки дар меҳмонхонаҳои шаҳрҳои бузург аст, фароҳам оварда шудааст. Сайёҳони хориҷӣ  низ гурӯҳ-гурӯҳ ё ҷуфт-ҷуфт дар роҳи гузари худ аз ин мавзеи зебо дидан мекунанд ва одатан як шаб ва ё якчанд соат дар ин ҷо мемонанду сипас роҳи саёҳаташонро давом медиҳанд. Банда ҳар боре, ки дар ин мавзеъ будаам, боре ҳам онро тиҳӣ аз сайёҳони хориҷӣ надидаам. Ҳатто имсол ҳам, дар ҳолате ки дар натиҷаи хурӯҷи пандемияи Kоvid-19 аксари сарҳадҳо баста шуданду мушкилот ва маҳдудият садди роҳи саёҳатгарони байналмилалӣ гардид, ҷо-ҷо дар пайраҳаҳои сайёҳии ин қаламрав метавон бо сайёҳони хориҷӣ вохӯрд. Яъне, сайёҳони дилбаста ба табиати ин диёр, новобаста ба ҳама садду мушкилот, кӯшидаанд ба ин мавзеи писандидаашон сафар кунанд.


Воқеан бо ташаббуси Пешвои миллатамон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 хеле бамаврид ва баманфиат мебошад, зеро он имконият ва шароитро барои рушди ҳарсе соҳа фарҳам овард. Ба шарофати он мо шоҳиди рушди босуръати сайёҳӣ ва ба ин васила рушди деҳоту кишоварзӣ, ободиву бунёдкориҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари кишвар гардидем. Хусусан ба шарофати истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллати тоҷик- 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон симои шаҳру деҳоти мамлакат, хусусан дурдасттарин мавзеъҳои кишвар ба куллӣ дигаргун гардид.

-Банда ҳанӯз ду сол пеш дар мақолаи “Бадахшон-маҳзари рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар сомонаи АМИТ «Ховар»  дар мисоли танҳо Бадахшон тамоми хусусиятҳои хуҷастаи сарзамини тоҷикон, воқеан мавзеи писандидаи сайёҳони ҷаҳон интихоб гардидани он, имконияти фавқулода хуби ин сарзаминро барои рушду нумӯи соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  дар кишвар бо далелҳои мӯътамад нигошта будам. Айнан чунин имконияти хубро тамоми навоҳии кӯҳистони кишварамон доро мебошанд, ки ҳар яке  бо табиати нотакрор ва хуҷастагиҳои хоси худ беҳтарин шароит  барои ташкил ва рушди сайёҳӣ доранд. Ва табиист, ки яке аз чунин мавзеъҳо дар водии Зарафшон дар қаламрави мавзеи  нотакрори Ҳафткӯл, дараи Шингу Моғиён  ва Фароб, дар қаламрави Арчамайдони дараи Зимтӯду Вору ва чунон ки гуфтем, қаламрави Кӯли Калон ва қаламрави кӯлҳои Аловуддину Искандаркӯл доман густурдааст, ки Уреҷ як гӯшаи зебоманзари он мебошад,-мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло.

Муаллифи мақола таассурот ва бардошти боқимонаи худро бо  шеъри ба тозагӣ иншошудаи “Уреҷ” пешниҳоди алоқамандон ва дӯстдорони табиати Тоҷикистон намудааст.

 

УРЕҶ

Дидаӣ оё, ки дору дар ҳаво бошад?
Дарду ранҷу ғусса аз ҷонат раҳо бошад!?

Оби ҷӯ резад мусаффо бар дилу ҷонат,
Обшор оинаи субҳи  сафо бошад.

Ҷойи дигар дидаӣ оё, ки лутфи Ҳақ
Пеш-пешат раҳнамову раҳкушо бошад.

Арчае рози ҳазоронсола дар ҷонаш,
Парчами армони сабзи рафтаҳо бошад.

Оби ҷӯ ҷун оби рӯи марди кӯҳистон,
Поку бегарду зулолу босафо бошад.

Бӯйи балдирғон навозад рӯҳро нармак,
Зирк бар ҳар узви ҷони ту даво бошад.

Чашма-чашма меҳр ҷӯшад аз ниҳоди ту,
Ҷисму ҷонат ҳамниҳоди  кӯҳҳо бошад.

Санг ҳам ово барорад, гул кунад ҳатто,
Махмали рангини гул ӯро қабо бошад.

Зирку бодому зарангу бурс ҳамрозат,
Каҳкашонат чатри рангин дар само бошад.

Нолаи мурғи ҳилолу қақраҳои кабк,
Ҳамнавои рӯҳи пурармони мо бошад.

Оби раҳмат резад абраш,  нури ҳақ барқаш,
Ҷангали сарсабз дар ҳифзат ба по бошад.

Мурда ояд, зинда баргардад, Уреҷ ин аст,
Ин замини лутфу эҳсони Худо бошад.

 

Аксҳо аз пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии Артуч

Август 8, 2021 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид