Экипажҳои танкии Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ»-и Русия ширкат мекунанд

Август 24, 2021 14:01

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чорабиниҳои «АрМИ-2021»  аз 22 то 28 август дар якҷоягӣ бо чорабиниҳои Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии «АРМИЯ-2021» дар иншооти тамрингоҳи «Алабино» ва боғи «Патриот» баргузор мешаванд. Дар ин бора дар вебсайти расмии «АрМИ-2021» гуфта шудааст.

Озмун 22 август дар Маркази конгрессӣ-намоишии «Патриот» бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Русия, мақомоти давлатӣ, корхонаҳои саноати мудофиа, ҳайатҳои хориҷӣ ва меҳмонон ифтитоҳ шуд.

Дар ҷараёни озмуни «Биатлони танкӣ» ба тамошобинон рақобатҳои экипажҳои кишварҳои иштирокчӣ дар марҳилаи «Пойгаи инфиродӣ», дар марҳилаи «Эстафета», дар нимфиналҳо ва финалҳои дивизионҳои дастаҳои марҳилаи «Эстафета» манзур мегарданд.

Дар давраи аз 23 то 28 август барномаи васеи намоиши имконоти намунаҳои муосир ва ба содирот нигаронидаи аслиҳа ва техникаи Русия муаррифӣ карда мешавад.

Танкчиёни тоҷик низ дар биатлони танкӣ ширкат мекунанд.

Ин бори аввал нест, ки экипажҳои мо дар биатлони танкӣ иштирок мекунанд. Солҳои 2019 ва 2020 экипажҳои танкӣ ва гурӯҳи дастгирии техникии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби ҷоиза ва мукофоти гуногун шуда буданд.

Имсол рақибони Тоҷикистон, ки нахустин сабқати худро 24 август дар дивизиони дуввум мегузаронанд, Қатар, Абхазия ва Осетияи Ҷанубӣ мебошанд.

Акс аз сомонаи «АрМИ-2021»

Август 24, 2021 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид