Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург дар рӯнамоии Нишасти ҷаҳонии варзиш ва тиҷорат ширкат варзид
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Федератсияи Русия Зафар Сайидзода 24 август дар рӯнамоии Нишасти ҷаҳонии варзиш ва тиҷорат, ки дар шаҳри Екатеринбург дар майдони соли 1905, дар павилйони “SportAccord” баргузор шуд, ширкат варзид. Дар ин бора Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Русия хабар медиҳад.
Дар маросими муаррифӣ роҳбари Екатеринбург Алексей Орлов, Вазири тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши вилояти Свердловск Леонид Рапопорт маърӯза карданд. Роҳбари самти рушди тиҷорат дар Ассотсиатсияи “SportAccord” Малколм Ричард Хардман ба таври видеоӣ баромад кард.
Миёни намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва ҳайати дипломатии дохилӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки нишасти мазкур калонтарин дар ҷаҳон буда, чорабинии ҳарсолаи шашрӯзаи варзишӣ ба шумор меравад, ки дар он намояндагони зиёда аз 100 федератсияҳои байналмилалии варзишӣ, ташкилоту корхонаҳое, ки ба рушди варзиш машғуланд, кумитаҳои ташкилӣ, воситаҳои ахбори омма, инчунин варзишгарони боқувват иштирок мекунанд.
Нишасти ҷаҳонии варзиш ва тиҷорат аз 15 то 20 майи соли 2022 дар Екатеринбург баргузор мешавад.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Русия








Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






