МУБОРАК БОД! Тоҷикистон соҳиби дуюмин гроссмейстери байналмилалии шоҳмот гардид

Август 24, 2021 14:40

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоҳмотбози тоҷик Муҳаммад Ҳусенхоҷаев дар мусобиқаи XIV байналмилалии «Ташканд Open 2021″ меъёри гроссмейстери байналмилалиро иҷро кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мусобиқаи анъанавии байналмилалии шоҳмот, ки ба хотираи аввалин гроссмейстери Узбекистон Георгий Агзамов бахшида шудааст, аз 16 то 23 август дар бинои Академияи байналмилалии шоҳмоти Тошканд бо ширкати 160 шоҳмотбоз аз 12 кишвар баргузор шуд.

Мусобиқаҳо тибқи низоми швейтсарӣ дар 9 давр дар ду гурӯҳ — дар гурӯҳи асосии «А» бо рейтинги 1800 ва аз он боло, дар гурӯҳи «В» барои иштирокчиён бо рейтинги камтар аз 1800 гузаронида шуданд. Шоҳмотбозони дорои рейтинги байналмилалии ФИДЕ барои иштирок дар гурӯҳи «А» аз рӯи стандарти 1800 ва аз он боло (то 1 августи 2021), барои иштирок дар гурӯҳи «В» – шоҳмотбозони дорои рейтинги байналмилалии ФИДЕ аз рӯи стандарти 1799 ва аз он поён (то 1 августи 2021) иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Муҳаммад Ҳусенхоҷаев 2 июни соли 1987 дар Исфара таваллуд шудааст. Ӯ дар чанд олимпиадаи шоҳмот — солҳои 2006, 2012, 2014, 2016 ва 2018 Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст. Илова бар ин, ӯ барандаи чанд мусобиқаи бузурги байналмилалии шоҳмот мебошад. Аз ҷумла, Муҳаммад дар мусобиқаи XII байналмилалии шоҳмотбозон «Павлодар Опен-2017» медали нуқра ба даст овардааст.

Дар мусобиқоти байналмилалии «Тошканд Open 2021» ӯ аз 9 холи имконпазир 6,5 хол ба даст оварда, меъёри гроссмейстери байналмилалиро иҷро кард ва ҷои сеюмро гирифт. Ҷои аввал насиби Шант Саргсян (Арманистон) ва ҷои дуюм насиби Нодирбек Абдусатторов (Узбекистон) гардид.

Бар асоси натиҷаҳои мусобиқаи Тошканд, Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ба  ҳар се барандагони ҷоизаҳои озмун, аз ҷумла Муҳаммад Ҳусенхоҷаев унвони «Гроссмейстери байналмилалӣ (GMI)» тақдим мекунад. Қобили зикр аст, ки ба ҷуз аз унвони қаҳрамони ҷаҳон унвони гроссмейстери байналмилалӣ баландтарин  қадрдонист, ки шоҳмотбозон метавонанд ба он  шараёб гарданд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 2002 шоҳмотбози маъруф Фаррух Амонатов ягона гроссмейстери байналмилалӣ дар Тоҷикистон буд.

Тибқи гузориши Федератсияи байналмилалии шоҳмот (ФИДЕ), дар рейтинги беҳтарин шоҳмотбозони Тоҷикистонро гроссмейстер Фаррух Амонатов бо 2636 хол сарварӣ менамояд.

Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар ҷои дуввум аст. Соҳиб Ҷӯраев дар мақоми сеюм ҷойгир аст.

Миёни занон Марворӣ Насриддинзода беҳтарин аст.

Дар маҷмӯъ, ба  рӯйхат беш аз бист намояндаи Тоҷикистон шомил гардидаанд.

Рейтинги кишварҳо мувофиқи ҳисоби миёнаи ҳар 10 бозингари беҳтарин аз ҳар кишвар, ки мардону занонро дарбар мегирифт, тартиб дода шудааст.

10 шоҳмотбози беҳтарини тоҷик инҳоянд: 1. Фаррух Амонатов — 2636 хол. 2. Муҳаммад Ҳусенхоҷаев — 2451. 3. Соҳиб Ҷӯраев — 2266. 4. Мустафохӯҷа Ҳусенхоҷаев — 2241. 5. Суҳроб Ҳамдамов — 2230. 6. Амин Қобилов — 2179. 7. Алишер Каримов — 2164. 8. Негмат Зиёев — 2050. 9 Маъруф Иномҷнов — 2019.10. Баҳодур Абдуллоев — 2008.

7 шоҳмотбоззани беҳтарини тоҷик: 1. Марворӣ Насриддинзода — 2088. 2. Надежда Антонова — 1998. 3. Мутриба Ҳотамӣ — 1829. 4. Сарвиноз Каримова — 1636. 5. Сабрина Абророва — 1596. 6. Меҳрона Искандарова — 1386. 7. Марям Илҳомзода, Зебо Аминзода, Адиба Махсутшоева, Рухшон Саидов бо 1364.

                                                                                 АКС: Муҳаммад Амин, УзА/АМИТ«Ховар»

Август 24, 2021 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад
Нуралӣ Арабзода раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб карда шуд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба ҷиу-ҷитсу ба Бозиҳои Осиёӣ омодагӣ мебинад
НАТИҶАҲОИ СОЛИ 2025: Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳонии «ACBJJ-2025» 40 медал ба даст овард
Беҳтарин варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 муайян карда шуданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2025-ро дар раддабандии ФИФА бо мақоми 101-ум ҷамъбаст кард
ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Ғолибони он дар шаҳри Душанбе муайян гардиданд
Манучеҳр Каримзода раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон интихоб шуд
Варзишгарони тоҷик аз Парабозиҳои V Осиё бо дастоварди бузург ба Ватан баргаштанд
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Муштзанҳои ҷавони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд
Мусобиқа оид ба футбол байни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ҷамъбаст гардид