Муовини Котиби генералии СҲИ Ҷандос Асанов: «Тоҷикистон воқеан сарзамини биҳиштосо ва мардуми он меҳмоннавоз аст»
ДУШАНБЕ, 31.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи Созмони ҳамкории Иқтисодӣ имрӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо муовини Котиби генералии СҲИ Ҷандос Асанов баррасӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Ҷандос Асанов таассуроти худро аз дидаҳояш аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Ҳисор иброз намуда, Тоҷикистонро воқеан ҳам сарзамини биҳиштосо ва мардуми онро меҳмоннавоз унвон кард.
Ӯ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил намудани Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Иқтисодӣ» ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон», ки рӯзҳои 29-30 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, изҳори сипос намуд.
Зикр карда шуд, ки барои рушди агросайёҳӣ дар Тоҷикистон меваҳои шаҳдбор ва аз лиҳози экологӣ тоза, аз ҷумла ангур, шафтолу, зардолу, гелос, себ, нок ва ҷамъоварии онҳо бевосита дар боғҳо, сабзавоти тару тоза, маҳсулоти полезӣ, чун харбузаю тарбуз, меваи хушк, асали болаззаттарин, афшураи меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза замина фароҳам меоранд.
Яке аз афзалиятҳои дигар барои рушди сайёҳии аграрӣ дар мамлакат-ин таҷлили идҳои хос ба кишоварзӣ мебошад. Намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзӣ, ҷашнҳои «Сада», «Меҳргон», идҳои «Харбуза ва асал», эълон намудани Иди ангур ва Иди себ диққати сайёҳону меҳмонони хориҷиро ба кишвари офтобрӯяи мо бештар ҷалб намуда, лаззати меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ҳамеша дар хотироти онҳо боқӣ мемонад.
Чорабиниҳои мазкур барои густариши агросайёҳӣ мусоидат намуда, минбаъд сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ҷашнҳо ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки Фестивали байналмилалии «Душанбе-пойтахти сайёҳии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Иқтисодӣ» ва Форуми байналмилалии «Рушди агротуризм дар Тоҷикистон» бори дигар имконияти хуби муаррифӣ ва баррасии захираҳои сайёҳии Тоҷикистонро ҳамчун ватани дорои пайроҳаҳои Шоҳроҳи бузурги Абрешим баҳогузорӣ намуда, ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, ба хотираи меҳмонону сайёҳон аз кишвари мо таасуроти нек боқӣ хоҳад гузошт.








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд






