ОБ ЗАХИРА КУНЕД! Бинобар корҳои таъмирӣ дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 05.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба иттилои сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки аз соати 22:00-и 5 август то соати 10:00-и 6 август бинобар сабаби амалисозии корҳои таъмирию профилактикӣ фишори об суст гардида, дар кӯчаҳои Ҷомӣ, шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65-и ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино интиқоли оби ошомиданӣ номунтазам мегардад.
Бинобар сабаби идома доштани корҳои таъмирӣ ва бунёди роҳ дар кӯчаҳои Қосимов–Фирдавсӣ ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ба масофаи беш аз 400 метр пешбинӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз интиқоли об аз соати 22:00-и 5 август то соати 10:00-и 6 август қатъ карда мешавад.
Аз шаҳрвандоне, ки дар кӯчаҳои Фирдавсӣ — 25/1, 27, 27 /,1,2, 4,5, — 35, 37, 39, — 29, 29/ 1, 2, 3, -13/1,13/8,13/10, 13/12, -7/1, 9/4, 5,6, -5/2,3,4,5, — 1/1, — 13/18, 20, — 15/1,2,3,4 ва кӯчаи Қосимов, 7/1,2,3,4,5, 5/1, 5/4, 5/5 зиндагӣ мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки обро барои як шаб захира намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад






