ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 37+39 дараҷа гарм мешавад

Август 12, 2021 08:10

ДУШАНБЕ, 12.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 37+39 дараҷа гарм мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13+18 ва  рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 4+9 ва рӯзона  16+21  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14  дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25  ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона  29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи  бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  19+21  ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.

Август 12, 2021 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ
ЛИБОСИ МИЛЛӢ — ОИНАИ ФАРҲАНГ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе либосҳои тоҷикиро тарғиб менамоянд