Пахши мусиқӣ ва садои занон дар расонаҳои Қандаҳор манъ шуд
ДУШАНБЕ, 30.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллии Афғонистон, гурӯҳи Толибон* бо пахши як баёния ба телевизион ва радио дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар талаб кардааст, ки дигар мусиқӣ ва садои овозхонҳои зан дар расонаҳо пахш нашаванд, менависад имрӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҷиддин РИЗВОН.
Вазорати иттилоот ва фарҳанги вилояти Қандаҳор рӯзи якшанбеи 29 август тасдиқ кард, ки Толибон тибқи як фармони нав мусиқӣ ва ҳатто барномаҳои занонро манъ кардаанд.
Қаблан сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба New York Times гуфта буд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ба ҷои фишор овардан ба шаҳрвандон онҳоро водор хоҳад кард, то аз мусиқӣ даст кашанд.
Дар ҳамин ҳол, аъзои Толибон* рӯзи шанбе (28 август) дар ноҳияи Андроби вилояти Бағлон ҳунарманди маҳаллӣ Фавад Андарабиро паррондаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ аввал аз ҷониби ҷангиёни Толибон* асир гирифта, сипас ба қатл расонида шудааст.
Ҳамчунин толибон* чанде пеш яке аз ҳаҷвнигорони вилоят Хоша Ҷавонро пас аз тасарруфи шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ба қатл расонданд, ки вокунишҳои густардаеро дар Афғонистон ба вуҷуд овард.
Маҳдуд кардани пахши расонаҳо дар вилояти Қандаҳор бори дигар хотирахои солҳои 1996 то 2001 -ро барои шаҳрвандони Афғонистон зинда кард. Он замон Толибон* занонро аз гӯш кардани мусиқӣ ва кор манъ карда буданд.
АКС аз манбаъҳои боз
_______________________________
*Толибон – ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






