Пахши мусиқӣ ва садои занон дар расонаҳои Қандаҳор манъ шуд

Август 30, 2021 17:39

ДУШАНБЕ, 30.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Бино ба гузоришҳои расонаҳои маҳаллии Афғонистон, гурӯҳи Толибон* бо пахши як баёния ба телевизион ва радио дар вилояти Қандаҳор дар ҷануби кишвар талаб кардааст, ки дигар мусиқӣ ва садои овозхонҳои зан дар расонаҳо пахш нашаванд, менависад имрӯз хабарнигори АМИТ «Ховар» Тоҷиддин РИЗВОН.

Вазорати иттилоот ва фарҳанги вилояти Қандаҳор рӯзи якшанбеи 29 август тасдиқ кард, ки Толибон тибқи як фармони нав мусиқӣ ва ҳатто барномаҳои занонро манъ кардаанд.

Қаблан сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба New York Times гуфта буд, ки мусиқӣ дар ислом мамнӯъ аст, аммо изҳори умедворӣ кард, ки ба ҷои фишор овардан ба шаҳрвандон онҳоро водор хоҳад кард, то аз мусиқӣ даст кашанд.

Дар ҳамин ҳол, аъзои Толибон* рӯзи шанбе (28 август) дар ноҳияи Андроби вилояти Бағлон ҳунарманди маҳаллӣ Фавад Андарабиро паррондаанд. Гуфта мешавад, ки ӯ аввал аз ҷониби ҷангиёни Толибон* асир гирифта, сипас  ба қатл расонида  шудааст.

Ҳамчунин толибон*  чанде пеш яке аз ҳаҷвнигорони вилоят Хоша Ҷавонро пас аз тасарруфи шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ба қатл расонданд, ки вокунишҳои густардаеро дар Афғонистон ба вуҷуд овард.

Маҳдуд кардани пахши расонаҳо дар вилояти Қандаҳор бори дигар хотирахои солҳои 1996 то 2001 -ро барои шаҳрвандони Афғонистон зинда кард. Он замон Толибон* занонро аз гӯш кардани мусиқӣ ва кор манъ карда буданд.

                                 АКС аз манбаъҳои боз

_______________________________

 *Толибон – ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

Август 30, 2021 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд