ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЭҲЁГАРИ ТАЪРИХ, БУНЁДКОРИ ИМРӮЗ ВА РАҲНАМОИ ФАРДО. Мулоҳизаҳои Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон перомуни ин мавзӯъ

Август 9, 2021 10:38

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нахустин мукофоти олӣ – «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин иртибот имрӯз мақолаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ ба унвонии АМИТ «Ховар» ворид шуд, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем:

 

Бузургони ҷаҳон чун гардбанданд,
Ту чун ёқути сурх андар миёна.
                                      устод Рӯдакӣ

Дар остонаи таҷлили ҷашни бошукӯҳи миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатӣ хушхабаре расид ва ҷомеаи тоҷикистониро бори дигар хушҳолу болитабъ гардонид, ки Пешвои муаззами миллати тоҷик, фарзонафарзанди миллат, абармарди дунёи сиёсат, Сарвари давлати мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» сарафроз гардиданд.

Қарори муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ба Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ сазовор донистани мукофоти аввалини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ воқеан ҳам нишони арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сиёсӣ, инсоне, ки имрӯз на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвари худ, балки дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимму мушкили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ талош меварзад, садо баланд мекунад, махсусан, дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ ҷидду ҷаҳд менамояд, арзёбӣ мешавад.


Имрӯз бо шунидани ин хабар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз хурсандӣ меболад, ифтихор аз Пешвои худ мекунад, ки воқеан дар ҷаҳони муосир Пешвои муаззами миллати моро ҷаҳониён қадр мекунанд, садояшро мешунаванд, ибтикороташро таҳсин карда, роҳандозӣ менамоянд ва ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – фарзанди кулли ИНСОНИЯТ ва ҶАҲОН аст.

Бинобар ин, мо ва мардуми моро мебояд, ки боз ҳам аз пештара дида бештар ба қадри заҳматҳои ин марди бузург расем ва шахсияти фавқулодаи ӯро эътироф намоем. Ин абармард бо забони ширини тоҷикӣ бори аввал аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз соли 1993 суханронӣ карда, ба бештар аз 200 кишвари ҷаҳон забони моро муаррифӣ намуд. Сулҳу ваҳдатро пойдор, кишварро амну обод, миллатро сарҷамъ намуд, таърихи пурифтихори моро эҳё карда, мактабу илму маорифро рушд дод ва тавассути заҳматҳои сангин, кору фаъолияти шабонарӯзии тавъам бо ҷонфидоиҳову азхудгузаштанҳо ва ибтикороти созандаву бунёдкорона давлати тоҷиконро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазиру пешрафта гардонид.

Албатта метавонистам, бо ҳамин  хабари хуш ва навиштаи мухтасар ин ҷо матлабро ба охир расонам, аммо ба зеҳнам мерасад, ки бори дигар аз хизматҳои ин абармард бо чанд сайри таърихӣ ёдовар шуда, ба ҳамватанони худ дар ин замина маводеро пешкаш намоям ва онҳо худ қазоват кунанд, ки ин фарзонафарзанди миллат баҳри рушди кишвар ва сулҳу суботи он чи хизматҳо кардааст.

Мулоҳизае чанд перомуни заҳматҳои Пешвои миллат

Мусаллам аст, ки пас аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ ба сабаби ноогоҳӣ аз авзои сиёсию мафкуравии минтақаву ҷаҳон ва камтаҷрибагӣ дар самти мудирият қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони гирудорҳои сиёсӣ табдил ёфта, табақаҳои гумроҳи минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бозичаи дасти гурӯҳе мансабталош, риёкор, худнамо, худбохта ва фурсатталаб гардиданд. Дар натиҷа, на танҳо фазои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳрию марказӣ, балки муҳити музофотӣ низ вазъи буҳрониро аз сар гузаронид. Ба ин тартиб, замоне ки тавассути афкори ғаразноки сиёсию фарҳангӣ ва динию мазҳабӣ (ибтидои солҳои навадуми асри бистум—замони оғози ҷанги шаҳрвандӣ) Тоҷикистон ба саҳнаи низоъҳои сахти идеологию сиёсӣ ва динию мазҳабӣ табдил ёфта, бозичаи дасти абарқудратони минтақа ва ҷаҳон гардида буд, аксари кулли намояндагони қишрҳои сиёсӣ, равшанфикрӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикистонӣ бетарафӣ ва бетафовутиро дар робита бо вазъи мавҷуда ихтиёр карда, бархе дигар, аз беиттилоотию бехабарӣ аз тамоюлоти сиёсӣ ва камтаҷрибагӣ дар баробари дарки сиёсатҳои минтақа ва ҷаҳон, ба ин ё он тарафи гурӯҳҳои даргир ҳамроҳ шуда, боиси ташаннуҷи вазъи куллӣ гаштанд. Хушбахтона, дар он авзои хатарбору ҳассос сиёсатмадорону фарҳангиёни баномус ва сарафроз дар манотиқи гуногуни кишвар ёфт мешуданд, ки ҷиҳати коҳиш додани сатҳи вусъати вазъи буҳронӣ ва танзими муносиботи мутақобила ва ҳасанаи миллӣ ва фаромиллӣ саъю талоши фаровон ба харҷ медоданд. Яке аз ин гуна шахсиятҳои дилсӯзу миллатпараст, ки ба майдони мудирияти давлатӣ ворид гардида, ВАТАН, ХАЛҚ, МИЛЛАТ  ва Ҳукуматро аз хатари нобудӣ эмин дошт, Эмомалӣ Раҳмон буд.

Ҳамин тариқ, дар чунин вазъи фоҷеабор, ки ҳатто аз бародар ҳам таваққуъу умедворӣ доштан ғайриимкон шуда буд, Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории миллӣ ворид гардид  ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёсӣ гомҳои устувор бардошт. Ин ҳам маълум аст, ки сохтор ва дастгоҳи фалаҷшудаи давлатӣ, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Эмомалӣ Раҳмон мерос монд, на тармим, балки эҳё ва навсозиро талаб мекард. Ба таъбири дигар, Сарвари давлат бояд давлат ва ҳукумати ба талаботи замон мутобиқро заминагузорӣ мекард ва пешорӯйи Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти сангин қарор дошт. Бад-ин минвол, Эмомалӣ Раҳмон замоне раҳбари ҳокимияти сиёсӣ интихоб гардид, ки воқеан (de fakto) пойтахти мамлакат имкони таъмини иҷрои вазифаҳои конститутсионии худро аз даст дода буд ва он бояд барқарор карда мешуд. Он замон, қатъи назар аз нобасомониҳои ҷиддӣ, мусибати миллӣ, мушкилоти зиёди иқтисодию сиёсӣ ва навмедию яъси табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, зеҳни Сарвари давлатро оромии иҷтимоӣ, суботу амнияти сиёсӣ, ба кор даровардани корхонаҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сатҳи саводу маърифат, эҳёи суннату ойинҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, барқарор кардани ҳофизаи таърихӣ, ки бар асари таҳоҷумоти мафкураи аҷнабию хориҷӣ сахт осебпазир гардида буд, машғул медошт. Бо вуҷуди ин, мардуми Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Президентро интихоб ва Конститутсияи миллиро қабул намуд. Раъйи мардум сӯйи мардумсолорӣ, ҳуқуқбунёдӣ, миллатсозӣ ва дунявият гироиш пайдо намуд ва ин роҳи муваффақ то имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамсафар аст.

Сарвари давлат тайи фаъолияти раҳбарӣ эҳёи ҳофизаи таърихӣ, навсозии сохтори давлатӣ, ободкорию созандагӣ ва рушди миллиро ба унвони стратегияҳои давлатӣ дар меҳвари кори сиёсӣ қарор дод ва тамоми имконоту тавонмандиҳояшро сарфи анҷом додани лоиҳаи  миллатсозӣ ва эҳёи таърихи миллӣ кард. Ин аст, ки Сарвари давлат масъалаи эҳёи таърих, суннат, анъанот, ойинҳо ва мероси бостонии миллӣ, ки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва тақвияти ҳофизаи таърихии миллат нақши асосӣ доранд, ҳамеша дар мадди назар қарор дода, дар ин масир устуворона гом бардоштааст. Ҳатто замоне ки мардум ва давлат дар ҳоли буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ (солҳои навадуми садаи бист дар назар аст) қарор дошт, Сарвари давлат андешаи зинда кардани таърихи миллӣ ва эҳёи суннатҳои дерини бумиро дар зеҳни худ парварда, роҳҳои барқарор кардани ҳофизаи таърихии миллатро ҷустуҷӯ мекард.

Маҳз талошу сахткӯшиҳои Сарвари давлат дар заминаи эҳёи таърихи миллӣ буд, ки нақша ва тарҳи таҷлили бошукӯҳи ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён таҳия гардида, ҷиҳати амалӣ гардидани он барномарезиҳои ҷиддии давлатӣ ва ҳукуматӣ анҷом пазируфт. Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини раҳбарӣ ҷиҳати тақвияти ҳофизаи таърихии миллат ва устувору пойдор сохтани пояҳои давлатдории миллӣ камари ҳиммат барбаст. Донистани таърихи миллат ва касби донишҳои таърихӣ, ки дар ташаккули ҳувият ва пурқувват шудани рӯҳияи миллӣ нақши муассир доранд, дар меҳвари кори Сарвари давлат қарор гирифт. Ин буд, ки дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён ва бо мақсади таҳкими раванди худшиносию худогоҳӣ Сарвари давлат китоби ҷудогонаеро таҳти унвони «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» таълиф намуд. Эҳсоси миллатпарастӣ, ҳувиятшиносӣ ва ҳувиятсозӣ, ки аз донистани таърихи миллӣ шурӯъ мешавад, Сарвари давлатро бар он водошт, ки дар заминаи таърихи бумӣ ва мероси арзишманди аҷдодӣ чандин китоб ба чоп расонад. Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон пурсиши нахустинро, ки миллатро ба ҳувиятшиносӣ ва пурсишгарии аҷдодӣ ҳидоят мекунад, дар пешгуфтори китоби «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” чунин матраҳ месозад: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахзустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омаданд ва дар кадом бум ошён доштанд?». Эмомалӣ Раҳмон вазъи рӯҳию равонӣ, фикрию сиёсӣ ва ахлоқию ҳувиятии мардуми мусибатзадаи тоҷикро, ки даҳшату ваҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дақиқ ба мушоҳида гирифта, ба натиҷае мерасад, ки тағйир додани зеҳн, бозсозии фикрӣ ва таъмири тафаккури миллӣ тавассути забону фарҳанг ва  донишҳои таърихӣ, ки дар бойгонии мероси аҷдодӣ нуҳуфтаанд, имконпазир мегардад. Ба назари Сарвари давлат, «ифтихори миллӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги миллат оғоз меёбад».

Бо мақсади таҳкиму тақвият бахшидани раванди худогоҳию худшиносии миллӣ, эҳёи таърихи миллӣ ва хотираи таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 ба фарзандони фарзонаи миллат устод Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров унвони баланди давлатӣ – Қаҳрамони Тоҷикистонро сазовор донист. Дар ин замина 90-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров (муаллифи китоби «Тоҷикон») дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Гузашта аз ин, бо ташаббус ва ибтикори Сарвари давлат китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди зиёд нашр гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пешгуфтори китоби худ «Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (Раҳмон, Эмомалӣ. Тоҷикон дар ойинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён (Нашри дувум). Китоби якум. –Душанбе: «Ирфон», 2016. -704 саҳ.)  менависанд:  «Асари «Тоҷикон», воқеан шуълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгаштаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, падидаҳои худшиносию ифтихори миллиро ба бор оварда ва ба фарзандони бедордилу фидоӣ рӯҳу равон бахшид…». Такя ба таърих ва донишҳои таърихӣ дар сиёсати давлатӣ дар авлавият қарор дошт ва Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои раҳбарӣ ва мудирияти сиёсӣ ибтикороти ҷиддиро дар заминаи эҳёи анъанаву суннатҳои аҷдодӣ, ҷашну ойинҳои бумӣ ва таърихи миллӣ рӯйи даст гирифт.

Зимнан, Президенти мамлакат, Пешвои миллат зимни ироаи паёмҳои солона ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи арҷгузорӣ ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқро аз зумраи муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ унвон кардаанд.  Маҳз ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигоҳдории онҳо дар сатҳи давлатӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст гирифта шудаанд ва ин раванд босуръат идома меёбад. Ҳамчунин давлат саъю талош меварзад, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддӣ ва ғайримоддии кишварамон ба аҳли олам ба таври боиставу шоиста муаррифӣ гардад. Муҳимтар аз ҳама, донистани таърихи миллӣ ва неруманд сохтани хотираи таърихиро Сарвари давлат аз мушаххасоти калидии ҳувиятӣ медонанд. Вобаста ба ин, дар Паёми ахирӣ Сарвари давлат ба масъулини сохтору мақомоти марбута дастур доданд, ки китоби “Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди бузург нашр шуда, ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ ройгон тақдим гардад. Раванди тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як хонадони тоҷикистонӣ босуръат идома дорад.

Тавре ки болотар ишора рафт, аз рӯзҳои аввали раҳбарӣ Эмомалӣ Раҳмон ободкорӣ ва созандагиро ба унвони рисолати сиёсию давлатӣ пазируфта, ҷиҳати раҳонидани кишвар аз буҳрони амиқи ҷанги шаҳрвандӣ, ки бар асари он буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд, ба таври ҷиддӣ иқдом намуданд. Аз тарафи дигар, сиёсати созанда ва ободкоронаи Сарвари давлат боиси рушду тараққии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар гардид. Ба шарофати сиёсати муваффақонаи дохилию хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёд бартараф гардида, роҳ барои фатҳи қуллаҳои мурод ҳамвор шуд. Азму ҷадалҳои бесобиқаи Президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бунёдкорию созандагӣ дар ҷумҳурӣ авҷ гирифта, кишвар ба марҳилаи навини рушду тараққиёт ворид гардид.

Ибтикороти ҷиддӣ — таъмиру бозсозии роҳҳои нақлиётӣ, хатсайрҳои аҳамияти миллию байналмилалидошта, бунёди иншоотҳои хурду бузурги саноативу истеҳсолӣ ҷиҳати раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба марҳилаи истиқлолияти энергетикӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари саноатӣ-индустриалӣ дар саргаҳи барномарезиҳои давлатӣ ва сиёсати созандаю бунёдкоронаи Сарвари давлат қарор доранд. Сохтмони аср – Роғун бузургтарин лоиҳаи  Сарвари давлат аст, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ба он сахт вобаста мебошад.

Насли солманди ҷомеаи тоҷик хуб дар ёд дорад, ки ҳанӯз дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта барномаи давлатии сохтмони иншоотҳои бузурги саноатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла НБО-и Роғун тарҳрезӣ шуда, корҳои аввалияи сохтмонӣ дар ин Неругоҳи боҳашамати аср шурӯъ гардида буд, вале, чуноне ки медонем, татбиқи амалии тарҳи мазкур ба таъхир андохта шуд ва бад-ин минвол Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафи ниҳоӣ – сохта ба истифода додани коргоҳи саноатии бузург нарасид. Аммо лоиҳаи  Роғун ва дар оянда мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ҳамчун ормони миллӣ боқӣ монд. Албатта, ҷанги шаҳрвандӣ ва мусибатҳои паёпайи миллӣ, ки тайи як даҳсола давлат, Ватан ва миллатро таҳдид кард, имкон надод, ки дар ин самти муҳимми стратегӣ барномаҳои давлатӣ ба таври бояду шояд амалӣ гарданд. Қатъи назар аз он ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, чи дар солҳои навадуми асри гузашта ва чи дар солҳои дуҳазорум ба баъд пешорӯйи буҳронҳои шадиди иқтисодӣ ва молиявӣ қарор дошт, ба лоиҳаи муҳимми давлатӣ -– сохтмони ИБО-и Роғун на танҳо беаҳамият набуд, балки роҳҳои муътадил ва оптималии расидан ба ҳадафро ҷустуҷӯ мекард ва дар ин самт аз тамоми имконоти мавҷуда васеъ истифода мебурд. Маҳз дар ҳамин давраи аз назари молиявӣ ва иқтисодӣ ҳассос, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ кардани чор ҳадафи стратегӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръатро пайгирӣ намуда, дар бахши раҳоӣ аз бунбасти иртиботӣ, ки меҳвари кор дар самти саноатикунонии ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад, муваффақ шуд. Хушбахтона, имрӯз мардуми манотиқи шимолу ҷануб ва шарқу ғарби мамлакат дар ҳама мавсими сол аз тариқи шоҳроҳу терминалҳои замонавӣ иртиботи мустақим доранд. Пайвасти манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ ва ҳамвор сохтани роҳу шоҳроҳҳо ҷиҳати бурунрафт ба хориҷи кишвар боиси рушди хоҷагии халқи мамлакат гардид.

Таърих ва воқеияти зиндагӣ оянда исбот хоҳад кард, ки сохтмони муҳташами аср -– Неругоҳи барқи обии Роғун на танҳо боиси пешравии иқтисоди кишвар ва ғанӣ гардидани буҷети давлат гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси давлати худкифо дар миқёси байналмилалӣ обрӯ ва нуфузи иловагӣ мебахшад, балки миллати тоҷикро ҳувияти тоза ато мефармояд. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат ба ҷанбаи қавии ҳувиятӣ доштани НБО-и Роғун низ бовар дошта, ба ин нукта таъкид варзидааст, ки дар заминаи бозсозии ҳувият миллат қудрат ва неруи маънавӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маданиро касб мекунад. Ин ҳувияти тоза дар азм, ирода, тафаккур, маърифат, фазилат, матонат, шарофат, наҷобат ва иззати халқи тоҷик ифода меёбад. Таҳти ҳимоят ва ҳидояти Сарвари давлат фарзандони асили халқи тоҷик, ки дар симои коргарон-қаҳрамонони ин Неругоҳи ҳувиятсози миллӣ бо такя бар рӯҳи заҳматкаш ва меҳнатқарини аҷдодӣ дар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани чархаҳои минбаъдаи НБО-и Роғун саҳми арзанда гузошта, қарзи виҷдонӣ, имонӣ ва билохира фарзандии худро назди халқу Ватан ва миллату давлат бошарафона адо карданд. Ба кор даромадани чархаҳои аввалу дувуми НБО-и Роғун роҳи рушди иқтисоди миллиро боз мекунад. Эмомалӣ Раҳмон хеле барвақттар фармуда буданд: «Имрӯз таърих бар дӯши мову шумо – мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург – бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест». Дар Паёми ахирӣ Сарвари давлат ҳамчунин тазаккур доданд, ки то соли 2022 сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун иншооти тақдирсози аср ва таъминкунандаи ояндаи дурахшони Тоҷикистон бояд ба анҷом расонида шавад. Бо тамоми иқтидор фаъолият кардани ин неругоҳро Сарвари давлат ибтидои гардиши куллӣ ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба яке аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ унвон карданд.

Баланд бардоштани сатҳи ҳувияти миллӣ аз тариқи баргузор намудани чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ анъанаи неки давлат ва Ҳукумати кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон аст. Соли гузашта дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ дар миқёси ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ таҷлил гардиданд. Президенти кишвар дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нукта ишора карданд, ки таърихи 5500 – солаи Саразм, ки аз ҷониби олимони сатҳи ҷаҳонӣ, марказҳои муътабари илмии дунё ва созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО эътирофу тасдиқ шудааст, далели раднопазир ва бебаҳси қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Тақвият бахшидани ифтихороти миллӣ тавассути таҷлили ҷашну маросими миллию мардумиро Сарвари давлат иқдоми зарурӣ дар роҳи сохтмони давлати миллӣ медонанд. Махсусан, таҷлили саросарии ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон ва Тиргону Сада ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватанпарастии насли ҷавони ҷомеаи тоҷикро боло мебарад. Ба ин далел, Президенти мамлакат зимни суханрониҳо таъкид медоранд, ки «Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст. Ҳар кадоме аз ин ҷашнҳо таърихи беш аз 6000 – сола дорадХалқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад».

Сарвари давлат ба таъсири ойину суннатҳои дерину дерпойи миллӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ бовар доранд ва дар ин замина тазаккур медиҳанд, ки: “Тамоми ойинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз низ барои мардуми мо муътабар ва ибратомӯзанд». Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон сарсилсилаи тамоми ҷашнҳои миллию аҷдодӣ — Наврӯзро «рамзи ҳувияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ»  номида, 27 марти соли 2014 зимни суханронӣ дар маросими расмии ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Афғонистон таъкид карда буданд, ки тавассути Наврӯз ва ойинҳои наврӯзӣ ҳалқаи васли мардумон ва ҳамгиройиву ҳамбастагии халқҳои Осиёи Марказӣ таъмин мегардад. Сарвари давлат дар доираи бардоштҳои наврӯзӣ ва ҳамбастагии Наврӯз бо иқтидори иқтисодию энергетикии давлату миллат, ҳамчунин тазаккур дода буданд, ки: «бунёди ҳамагӣ чанд неругоҳи обӣ, хатҳои бузурги интиқоли барқ ва лӯлаи газ имкони онро фароҳам меоварад, ки талаботи рӯзафзуни минтақа ва берун аз он бо барқи арзон ва пок, газ, оби ширин ва оби зироатӣ таъмин гардад. садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ҳектор замин обёрӣ шавад, миллионҳо нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши муносиб гарданд, суръати рушди иқтисодӣ ҳадди ақал ду баробар афзоиш ёбад ва нақши геоиқтисодию геостратегии минтақаи мо ҷиддан боло равад».

Анҷом

Такя ба халқ ва дар хидмати мардум буданро Сарвари давлат рисолати аслии худ медонанд ва ҳамеша чунин рисолатмандиро аз кулли хидматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ талабу тақозо менамоянд. Ин аст, ки халқ Сарвари давлатро дӯст медорад ва эҳтиром мекунад. Бинобар ин, аз дониш, таҷриба, масъулият ва ҷасорати Сарвари давлат мебояд омӯхту таҷриба андӯхт ва дар ҳалли мушкилоту муаммоҳои  гуногун  онҳоро дастури кор ва фаъолияти худ қарор дод. Ба ин маънӣ, он чи ки Сарвари давлат тайи фаъолияти раҳбарӣ анҷом додаанд, ин абармардро минҳайси эҳёгари таърих, ойину суннатҳои миллӣ, бунёдкори имрӯз ва раҳнамои фардои миллат муаррифӣ менамояд.

Зимнан ёдоварӣ мебояд, ки маросими дар ҳалқаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон супурдани мукофоти олии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ — «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ» бо ҷомаи сурхи инъом аз қаъри асрҳо садои ифтихори устод Рӯдакиро дар гӯши ҷони пиру ҷавони мамлакат бори дигар танинандоз мекунад:

Бузургони ҷаҳон чун гардбанданд,
Ту чун ёқути сурх андар миёна.

 

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Август 9, 2021 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«Интернет барои хона» боз дар 6000 манзили истиқоматии Душанбе дастрас гардид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Тӯфони «Тораҷи» ба соҳилҳои Филиппин расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Зимни тирпаронӣ дар донишгоҳ дар иёлати Алабамаи Амрико як нафар ҳалок ва донишҷӯён маҷруҳ шудаанд
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ усулҳои нави кумакрасонӣ ба осебдидагонро омӯхтанд
КОНФЕРЕНСИЯИ COP29. Роҳбарони 80 давлат ва ҳукумат дар Боку масоили иқлимро баррасӣ менамоянд
Заминларзаҳо дар Куба боиси ярчфароӣ ва вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ гардиданд
Сигэру Исибаро сарвазири Ҷопон интихоб намуданд
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-КАФИЛИ САОДАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд доир мешавад
Боғи фарҳангию фароғатии «Ғалаба»-и шаҳри Хуҷанд навсозӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад