Путин зидди ҷойгиркунии паноҳҷӯён аз Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то гирифтани раводид ба ИМА ва Аврупо сухан гуфт

Август 23, 2021 11:04

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Русия мухолифи ҷойгиркунии паноҳҷӯён аз Афғонистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то гирифтани раводид ба ИМА ва Аврупо мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дирӯз, 22 август дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт.

«Яъне, ба ин кишварҳо, ба ҳамсоягони мо бе раводид фиристондан мумкин аст, аммо худ намехоҳанд бидуни раводид қабул кунанд? Ин чӣ тарзи муносибати таҳқиромез дар ҳалли ин масъала аст?» — зикр кард Сарвари давлат зимни мулоқот бо намояндагони ҳизби «Русияи воҳид».

Ба гуфтаи Путин, бо истифода аз низоми бидуни раводид террористон метавонанд ба қаламрави Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо ворид шаванд.

«Танҳо ҳоло дар бораи Афғонистон гуфта шудааст. Он ба амнияти мо таъсири бевосита дорад», — таъкид кард раҳбари Русия.

Вай ишора кард, ки ин масъала дар мулоқоти сарони кишварҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ва Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баррасӣ хоҳад шуд.

Суханони Путинро Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров низ тасдиқ кард.

«Фардо нишасти маҷозии саммити СААД, моҳи сентябр нишасти ҳузурии СААД ва нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай, албатта, асосан ба таъмини амнияти кишварҳои иштирокчӣ дар заминаи рушди вазъи Афғонистон ва атрофи он бахшида мешавад»,-гуфт ӯ.

Президенти Федератсияи Русия таъкид кард, ки Русия намехоҳад вазъияти солҳои 90-ум ва миёнаҳои солҳои 2000-ум, «вақте ки мо воқеан дар Қафқози Шимолӣ ҷанг доштем», такрор шавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ФР/ТАСС

Август 23, 2021 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд