Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Эрон иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 04.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба шаҳри Теҳрон сафар намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Имом Ҳумайнӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳамроҳони ӯро Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Зимни суҳбат бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ, Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки “ҳадафи сафари ҳайати мо рушди бештари робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд, инчунин табодули таҷрибаи парлумонӣ мебошад”.
АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






