Роҳбари муқовимати Афғонистон интизор аст, ки Русия дар ташкили музокирот бо Толибон кумак кунад

Август 26, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари ҷабҳаи муқовимат бо толибон дар вилояти Панҷшер Аҳмад Масъуд (ДАР СУРАТ) бар ин назар аст, ки Русия метавонад дар гуфтушуниди намояндагони ҷабҳаи муқовимат бо «Толибон»* кумак ва ба ин восита аз авҷ гирифтани зӯроварӣ пешгирӣ кунад. Ба иттилои АМИТ «Ховар», Масъуд дар ин бора дар мусоҳиба бо РБК дирӯз, 25 август изҳори назар кардааст.

Ба қавли роҳбари муқовимат, Москва метавонад дар баргузории «чизе ба монанди музокироти осоиштаи фаврӣ миёни мо ва «Толибон»* кумак кунад ва онҳоро бовар кунонад, ки ба он биёянд».

Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Курейширо ба ҳузур пазируфтанд. Ҳангоми суҳбат бо ӯ, Пешвои Тоҷикистон мавқеи давлати худро иброз дошта, изҳор намуданд, ки «барои ҳалли фаврии мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя (Афғонистон – тавзеҳи АМИТ «Ховар»), ҳукумати фарогир бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ки беш аз 46% аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд ташкил карда шавад».

Масъуд изҳори нигаронӣ кард, ки таъсиси ҳукумат танҳо аз сӯи толибон боиси он хоҳад шуд, ки Афғонистон дар инзиво қарор бигирад ва мардум наметавонанд бо якдигар дар дохили кишвар ва берун аз он зиндагии осоишта дошта бошанд.

«Мутаассифона, амали «Толибон»* аллакай нишон медиҳад, ки онҳо хостори фарогирӣ, таҳаммулпазирӣ, ҳуқуқи инсон ва занон набуда,  ба арзишҳои демократӣ шарик нестанд. Ҳамаи  ин чизҳоеанд, ки барои ҷомеаи байналмилалӣ муҳим буда, аз ҷониби ҳукумат бояд эътироф карда шаванд. Ва ин барои мо мушкил аст, мо наметавонем онро қабул кунем», — афзуд ӯ.

                                                      АКС: imag.one

___________________________________

* «Толибон» ҳаракатест, ки дар Тоҷикистон, Русия ва якчанд  давлати дигар мамнӯъ аст.

Август 26, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд