Рустам Назарзода бо Консули Сафорати Исроил дар Узбекистон вазъи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ 26 август дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода бо ҷонишини ҳайат ва Консули Сафорати Исроил дар Ҷумҳурии Узбекистон Идан Давид баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи мазкур.
Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои иқдомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар пешгирӣ аз сирояти уфунии коронавирус ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дахл карда шуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи тарҳҳои муштарак миёни идораҳои наҷоти ду кишвар дар вокуниш ба офатҳо, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони наҷотбахш ва расонидани ёрии техникиро низ баррасӣ намуданд.
АКС: КҲФ ва МГ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






