Саидмурод Фаттоҳзода: Танҳо мардуми Афғонистон ҳақ дорад, ки роҳи сарнавишташро муайян намояд

Август 26, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 25 август раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, доктори  илмҳои сиёсӣ Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи васеи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба тариқи онлайн баромад намуд. Дар рӯзномаи ҷаласа «Вазъият дар Афғонистон ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

Саидмурод Фаттоҳзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро муштаракоти сершумори тамаддунӣ ва муносибатҳои наздики ҳамсоягӣ пайванд мекунанд.

«23 августи соли равон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид. Дар иҷлосия роҳбарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) ширкат варзида, дар бораи вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор карданд. Онҳо аҳамияти эҳёи масъулияти қудрати давлатиро дар Афғонистон тавассути муколамаи фарогири осоишта бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, қавмӣ ва мазҳабии ин кишвар таъкид карданд. Инчунин зикр карда шуд, ки режими сиёсии Афгонистон бояд ба ифодаи озодии иродаи тамоми халқи афғон такя кунад. Баррасии қатъӣ, кафолат ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию сиёсии тамоми бахшҳои ҷомеа барои устувории ҳар як ҳукумати Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳама чизе, ки бояд дар айни замон ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш орад, амнияти умумӣ, эътидол дар Афғонистон ва пешгирии низои нав, фалокати башардӯстона аст, ки аллакай дар пеши чашми мо зуҳур карда истодааст. Неруҳои хориҷӣ набояд ба ин раванд мудохила кунанд, зеро танҳо мардуми афғон ҳақ дорад, ки роҳи сарнавишташро муайян намояд»,- таъкид намуд Саидмурод Фаттоҳзода.

Мавсуф афзуд, ки «мардуми шарифи ин кишвари бародар бо мо бо як забон ҳарф мезананд ва риштаҳои муштараки таърихии мо дар умқи ҳазорсолаҳо реша доранд. Аз ин рӯ, табиист, ки мо нисбат ба сарнавишти бародарони афғонамон бетараф нестем. Ҳар дард ва ҳар ранҷи мардуми афғон дар қалби мардуми тоҷик инъикос ёфтааст».

Фаттоҳзода ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама форумҳои байналмилалии марбут ба Афғонистон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардаанд, ки дар ҳалли мушкилоти Афғонистон кумак кунанд, зеро буҳрони ин кишвар мушкилоти байналмилалист. Зиёда аз чил сол аст, ки дар Афғонистон ҷанги шаҳрвандӣ ва низоъҳои мусаллаҳона идома доранд. Мардуми шарифи Афғонистон аз ҷанги таҳмилшуда, ки дар натиҷаи мудохилаи беруна ба умури дохилии онҳо оғоз шуда буд ва то имрӯз идома дорад, хеле азоб мекашанд.

«Мутаассифона,-гуфт Саидмурод Фаттоҳзода,- ҷараёни  халалдорсозии  амният дар ин кишвар дар ин рӯзҳо ранги нав пайдо мекунад, ки ин на танҳо барои кишвари мо, балки барои тамоми минтақа нигаронкунанда аст».

Ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки  ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳо ва пешниҳодҳои нави худ механизми ҳамкорӣ бо Афғонистон ва расонидани кумакро боз ҳам такмил хоҳад дод.   Бино ба гуфтаи ӯ,  Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамеша ҳамсояи хуб буданд ва хоҳанд монд.

«Дар тӯли таърих мо ба шодию ғами ҳамдигар шарик будем. То замоне, ки ин кишвар дар ҳолати душвор қарор дорад, Тоҷикистон дар канори он боқӣ мемонад. Мо ҳамеша дар ин кишвари дӯсту бародар, ки мардуми мо бо як забон ҳарф мезананд ва фарҳанги муштарак дорем, истиқрори сулҳи комил ва ваҳдати миллиро самимона дастгирӣ мекардем. Мутмаинем, ки таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди осоиштаи он вобаста аст»,-гуфт С. Фаттоҳзода.

Номбурда чунин андеша дорад, ки  ҳатто хурдтарин кумак ба ин мардуми пурсабр, қадами кӯчактарин дар роҳи беҳбуди вазъи ин кишвар ба он мусоидат хоҳад кард, ки як қадами дигар дар пешрафти худ ва рафъи мушкилоти мавҷуда ба пеш гузошта шавад. Вазъияти душворе, ки солҳои охир дар Афғонистон ба вуҷуд омадааст, танҳо бо ин кишвар маҳдуд намешавад. «Проблемаи Афғонистон, ки хусусияти минтақавӣ дорад, ҷомеаи ҷаҳонро низ нигарон мекунад. Мо, кишварҳои минтақа, набояд гузорем, ки мардуми дӯсту бародари Афғонистон бо мушкилоти ба дӯши онҳо гузошташуда танҳо бимонанд. Имрӯз мо шоҳиди фаъол шудани гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир мебошем. Гурӯҳҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ бо истифода аз вазъи мураккаби Афғонистон ҳадафҳои харобкоронаи худро амалӣ намуда, фаъолиятҳои тундгароёнаи худро густариш медиҳанд. Таҷрибаи талхи ҷанги давомдор дар ин кишвар дар тӯли 40 соли охир собит мекунад, ки мушкилоти Афғонистон ҳалли низомӣ надорад. Мо ҳалли мушкилоти имрӯзаи Афғонистонро дар истифодаи васеи воситаҳои дипломатӣ ва сиёсӣ, дар андешидани тадбирҳои муассир оид ба таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мебинем. Дар шароити мураккаби феълӣ ҷомеаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои донор, бояд дастгирии худро ба мардуми пурсабрии Афғонистон идома диҳанд»,-мегӯяд  Фаттоҳзода.

Мавриди зикр аст, ки  таҳаввулоти Афғонистон, ки он бо суръати ғайричашмдошт пеш  меравад, мушкилоти амниятӣ дар Афғонистон ва чӣ гуна АБ САҲА метавонад ба кишварҳои узви Осиёи Марказӣ кумак кунад, аз масъалаҳои меҳварии рӯзномаи сиёсии ҷаласа буданд.

АКСҲО: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

Август 26, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати мамлакат оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм баррасӣ карда шуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд
Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия густариш меёбанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар Чин ташкили механизми муошират байни мақомоти қонунгузорро меомӯзанд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд