Шералӣ Мирзо: толибон барои Тоҷикистон хатар доранд
ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо дирӯз зимни музокирот бо фармондеҳони Русия ва Узбекистон изҳор намуд, ки суботи Осиёи Марказӣ бештар ба вазъи сиёсиву низомии Афғонистон вобастагӣ дорад. Ӯ омилҳои махсуси хатарро барои кишвар аз ҷониби террористони афғон номбар кард, менависад хабаргузории русии Sputnik.
Шералӣ Мирзо ёдовар шуд, ки ҳаракати «Толибон»* аллакай шимол ва шимолу шарқи Афғонистонро таҳти назорат гирифт.
«Агар то чанде пеш ҳузури неруҳои хориҷӣ имкон медод, ки тавозун ва назорати вазъи низомиву сиёсӣ ба даст ояд, хуруҷи онҳо фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористиро тақвият бахшид», — гуфт вазир.
Ӯ таъкид кард, ки ҳузури неруҳои террористӣ дар марз ҳамоҳангии кишварҳои минтақаро тақозо менамояд.
«Созмонҳои фаъоли террористӣ дар Афғонистон ба як сохтори муташаккил бо артиши муҷаҳҳаз бо силоҳҳои муосир ва стратегияи муайяни амал табдил ёфтанд, ки махсусан барои кишварҳои минтақа хатарнок мебошад», — гуфт Шералӣ Мирзо.
Вазир аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа даъват кард, ки бо ҷалби қувваҳои мусаллаҳ ба ин таҳдидҳо вокуниши муносиб нишон диҳанд.
Бо зикри он, ки Тоҷикистон ва Узбекистон бо Афғонистон марзи муштарак доранд, генерал-полковник Шералӣ Мирзо таъкид намуд, ки неруҳои ду кишвар дар сафи пеши мубориза бо таҳдидҳои террористӣ қарор доранд. Ӯ ҳамчунин нақши муҳими Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201-ро дар таъмини амнияти минтақа таъкид кард.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон музокироти муштарак бо Узбекистон ва Русияро, ки 10 август дар марзи Афғонистон сурат гирифт, муваффақона номида, афзуд, ки ҳамаи вазифаҳои дар назди артиш гузошташуда иҷро гардиданд. Ӯ бар ин бовар аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо қодиранд ба ҳама гуна таҳдид посух диҳанд.
АКС: © Sputnik / Амир Исоев
______________
* Ҳаракати террористии дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо мамнӯъ








Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид






