Шуруъ аз 1 август дар Душанбе ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуданд

Август 2, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 02.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 1 то 31 август дар шаҳри Душанбе бо риояи меъёрҳои мунтазами безараргардонӣ ва истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ дар ҷойҳои муайяншуда  ярмаркаҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ба роҳ монда шуданд. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур, масъулин вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи истеҳсолкунандагон ва соҳибкорони ватаниро дар ярмаркаҳои мазкур таъмин намоянд.

Раиси шаҳр бо ин қарор Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, муассисаҳои давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ва «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифадор намуданд, ки  ҷиҳати ташкили ғурфаҳои ярмаркаи фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб дар ҷойҳои муайяншуда  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон  соли таҳсили 2021-2022 аз 1 сентябр шурӯъ мешавад.

 

АКС аз бойгонӣ

Август 2, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд