СУТ ва ЮНИСЕФ барои интиқоли кумак ба Афғонистон долони ҳавоӣ талаб мекунанд

Август 23, 2021 11:18

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар пасманзари зиёд шудани ниёзҳо ба кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон, имкони расонидани он, пеш аз ҳама, ба сабаби манъи парвозҳои тиҷоратӣ ба Кобул коҳиш меёбад. Кормандони Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (CҶТ) дастрасии фаврӣ ба миллионҳо нафар афғонҳои ниёзманди кумакҳои ҳаётан муҳимро талаб мекунанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

 Ҳанӯз пеш он ки толибон кишварро ишғол кунанд, 18 миллион аҳолии он ба кумак ниёз доштанд. Ин сеюмин бузургтарин амалиёти башардӯстона дар ҷаҳон буд. Илова бар ин танҳо дар ду моҳи охир 300 000 афғон хонаҳои худро тарк кардаанд.

«Рӯзҳои охир вазифаи асосӣ тахлияи хориҷиён ва афғонҳои осебпазир буд,  вале дар баробари ин ниёзҳои азими аксарияти аҳолии кишварро нодида гирифтан мумкин нест, — гуфта мешавад дар як изҳороти муштараки якҷояи СҶТ ва ЮНИСЕФ. — Азбаски дар фурудгоҳи Кобул фуруд омадани хатсайрҳои тиҷоратӣ манъ аст, мо наметавонем захираи кумакҳои башардӯстонаро ба кишвар ворид карда, ба ниёзмандон расонем. Дигар созмонҳои башардӯстона низ ҳамин мушкилотро аз сар мегузаронанд».

Муаллифони изҳорот даъват мекунанд, ки фавран як долони ҳавоӣ таъсис дода шавад, ки имкон диҳад ба Афғонистон пайваста ва бемамониат кумак расонида шавад.

Новобаста ба он ки рӯзҳои аввал афзалият бехатарии кормандон буд, СҶТ ва ЮНИСЕФ корро ҳатто ҳангоми задухӯрдҳои шадид низ идома доданд. Акнун онҳо таваҷҷуҳи худро пурра ба дастгирии миллионҳо афғонҳои дар кишвар монда равона кардаанд.

Бо ёдоварӣ аз он ки ба ҷуз аз ҷанг Афғонистон хушксолӣ ва COVID-19-ро низ аз сар мегузаронад, муаллифони изҳорот даъват кардаанд, ки созмонҳои башардӯстонаеро, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои бузург ва доимо ба кумак афзоянда кӯшиш мекунанд, дастгирӣ кунанд.

АКС:  ЮНИСЕФ ва Афғонистон

Август 23, 2021 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид