Тоҷикистон аз Олмон 100800 воя ваксинаи «AstraZeneca» мегирад
ДУШАНБЕ, 11.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик миқдори зиёди ваксинаи зидди коронавирус аз ҷониби Олмон ба панҷ кишвар фиристода мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, сухан дар мавриди ваксинаи «AstraZeneca» меравад.
Сухангӯи ҳукумати федералии ин кишвар гуфт, ки Афғонистон 213600 воя, Эфиопия 271200 воя, Судон 357600 воя , Тоҷикистон 100800 ва Узбекистон 355200 воя ваксина мегиранд. Гуфта мешавад, ки ин кишварҳо ба ваксина ниёз доранд. Мувофиқи маълумоти СҶТ, дар ин кишварҳо эҳтиёҷ ба ваксина махсусан зиёд аст. Онҳо акнун метавонанд аз ин ваксина мустақиман дар барномаҳои эмгузаронии худ истифода кунанд.
Тавре АМИТ «Ховар» дирӯз хабар дод, Олмон барои рафъи пандемия ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ 30 миллион вояи ваксинаи коронавирус тақдим кард. Дар ин бора 9 август зимни нишасти хабарӣ намояндаи Девони Вазирони Олмон Улрике Деммер изҳор дошт.
«Тавре шумо медонед, Олмон 21 май дар Саммити ҷаҳонии тандурустӣ эълом дошт, ки то охири сол, пеш аз ҳама, ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ҳадди аққал 30 миллион воя ваксина медиҳад», — гуфт ӯ.
«Олмон ин вояҳоро асосан тавассути ташаббуси COVAX интиқол дод», — афзуд Деммер.
Ба гуфтаи ӯ, сухан дар бораи ваксинаи ширкати «AstraZeneca» меравад, ки акнун ба Афғонистон, Судон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эфиопия ворид мегардад.
COVAX механизми байналмилалӣ аст, ки СҶТ дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди ҷаҳонии ваксинаҳо ва иммунизатсия ва эътилофи навовариҳо барои омодагӣ ба эпидемия баровардааст. Он таъсиси иқтидори истеҳсолиро дастгирӣ мекунад ва харидро анҷом медиҳад. Дар мувофиқа бо шартҳои барномаи кишварҳои пешрафта барои хариди ваксинаҳо ба давлатҳои дар ҳоли рушдбуда, пардохт мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард вояи ваксинаҳо истеҳсол ва ба тамоми ҷаҳон баробар тақсим карда шавад.
АКС аз news1.ru








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






