Тоҷикистон дар «Биатлони танкӣ» рекорди худро нав намуд

Август 30, 2021 10:54

ДУШАНБЕ, 30.08.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон дар озмуни «Биатлони танкӣ-2021» навбати   сеюмро ба анҷом расонд. Дар ин мусобиқа мамлакатро фармондеҳи танк Собирҷон Кабутов, тирандоз Пайрам Давлатов, механик-ронанда Комрон Холматов намояндагӣ менамуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik.

Ба танкчиёни тоҷик муяссар шуд, ки намоиши ҷолиб нишон диҳанд. Экипаж ба ҳадафҳо – «чархболҳо» хеле дақиқ зарба зад ва вақти беҳтарини кишварро дар мусобиқа нишон дод.

Дастаи сеюми Тоҷикистон бо натиҷаи 26:57 ба хати марра расид ва экипажи аввалро дар ҳисоби умумии дивизиони дуввум ба зинаи чорум фаровард.

Дар сабқати сеюм дастаи Осетияи Ҷанубӣ бо тирандозии дақиқ ҳозиринро хушнуд сохт, аммо аз панҷ ҳадаф сеяш ба танкчиён имкон надод, ки ба Тоҷикистон бирасанд. Низомиёни Абхазистон низ хеле қафо монданд: онҳо дар хатти дуввуми тирандозӣ «дар монданд». Қатар бо сабаби захмӣ шудани як узви экипаж аз сабқат даст кашид.

                                      АКС: © Sputnik / Виталий Белоусов

Август 30, 2021 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид