Ҳузури низомии ИМА дар Афғонистон то ба 6 ҳазор нафар афзоиш меёбад

Август 16, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон дар тӯли 48 соат ба 6000 нафар расонида мешавад, ки вазифаи ягонаашон мусоидат ба интиқоли амрикоиҳо ва афғонҳоест, ки ба онҳо кумак мекарданд, мо ҳамчунин идораи ҳаракати ҳавоиро ба дӯши худ мегирем. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти муштараки Департаменти давлатӣ ва Пентагон, ки рӯзи якшанбе интишор шудааст, гуфта мешавад.

 «Дар тӯли 48 соати оянда ҳузури амниятии мо тақрибан бо 6000 сарбоз афзоиш хоҳад ёфт, ки вазифаи онҳо танҳо мусоидат ба ин талошҳост- интиқоли амрикоиҳо ва афғонҳое, ки ба онҳо кумак кардаанд ва мо инчунин идораи ҳаракати ҳавоиро ба уҳда мегирем».

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои наздик ҳазорон амрикоиҳо ва кормандони сафорати худро, ки аз миёни сокинони маҳаллии Афғонистон киро шудаанд, берун мебароранд. Онҳо инчунин ба интиқоли ҳазорон нафар афғонҳое, ки ба артиши Амрико кумак кардаанд, суръат мебахшанд.

 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъулияти пурраи назорати ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Кобулро бар дӯш хоҳанд гирифт.

                                АКС: ТАСС

 

Август 16, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид