ВАО: «Толибон»* минтақаҳои асосии маркази вилояти Тахорро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, зери назорат гирифтанд

Август 9, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷонибдорони ҳаракати «Толибон»* якчанд минтақаҳои асосии маркази маъмурии  вилояти Тахори Афғонистон – шаҳри Толуқонро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар ин бора 8 август шабакаи телевизионии Афғонистон  TOLO News гузориш дод.

Тибқи гузориши  радио,  «Толибон»* минтақаҳои калидии Толиқон, аз ҷумла қисмати марказии шаҳрро ишғол намуданд.

Чанде пеш шабакаи телевизионии Sky News Arabia бо истинод ба манбаъҳо аз неруҳои амниятии Афғонистон  хабар пахш кард, ки маркази маъмурии музофоти Тахор пурра таҳти назорати  ҳаракати «Толибон»* даромад. Дар ин бора аз ҷониби мақомоти  расмии Афғонистон хабар пахш нагардидааст.

Субҳи якшанбе шабакаи телевизионии Al Arabiya  изҳороти «Толибон»-ро* дар иртибот ба забти шаҳри Қундуз  — яке аз марказҳои асосӣ дар шимоли Афғонистон пахш намуд. Аммо,  Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар дод, ки неруҳои таъйиноти махсуси кишвар барои аз шаҳр берун кардани толибон ва баъзе ноҳияҳое, ки аз ҷониби ифротгароён тасарруф гардида буданд, амалиёт мегузаронанд.

Тавре фармондеҳи неруҳои таъйиноти махусус  Тоҷ Муҳаммад изҳор дошт,  «Толибон»* дар давоми 24 соати охир дар набард бо низомиёни афғон талафоти зиёд доданд». Неруҳои таъйиноти махсус яке аз майдонҳои асосии шаҳр ва маҳаллае дар наздикии онро аз ифротгароён тоза намуда, инчунин назоратро дар идораи радио ва телевизиони миллӣ барқарор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки  вилоятҳои  Тахор ва Қундуз дар шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.

 

АКС аз бойгонӣ

 

________________________________

 

* Толибон – ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон

Август 9, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид