Вазири корҳои хориҷии Покистон ҷомеаи ҷаҳонро ба муколама бо толибон даъват намуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Исломобод аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки бо ҳаракати радикалии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, муколама кунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, дар ин бора дирӯз, 23 август зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ (ДАР АКС) хабар дод.
«Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо толибони афғон дар тамос бошад», — иқтибос овардааст суханони Қурайширо шабакаи телевизионии Jeo TV.
Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Покистон, дар ояндаи наздик ӯ барои баррасии вазъияти Афғонистон ба Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон сафар мекунад. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки Покистон ният дорад ба сулҳ дар ин кишвар мусоидат намояд ва умедвор аст дигар давлатҳои минтақа низ ҳамин тавр хоҳанд кард.
Ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон» 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, дар тӯли чанд соат дар пойтахти Афғонистон назорати комил ба роҳ монданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандони худ ва кормандони сафоратхонаҳоро тахлия мекунанд.
АКС: IANS








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






