Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2023 ба Давлати Қатар даъват гардид

Август 24, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23 август зимни мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим бин Муҳаммад ал — Абдулло  ба ҷониби Тоҷикистон даъватномаи Вазири шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО, ки соли 2023 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, супорида шуд, иттилоъ доданд аз Раёсати байналмилалии  Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки аз 29 апрел то 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Намоишгоҳи байналмилалии боғпарварии «ЭКСПО-2019» сурат гирифт. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар номинаи «Майдонҳои дохилии намоишгоҳи байналмилалӣ» аз рӯи баҳогузории экспозитсияи намоишгоҳӣ, мутобиқатии мавзуъ, муаррифӣ, ташкили кори павилйон ва тарҳи меъморӣ соҳиби ҷоизаи тиллоӣ гардида буд.

Ҳамчунин зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз қабили бо сармоягузории қатарӣ ворид намудани таҷҳизоти муосир барои бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, чорвои калон барои зиёд намудани насли хушзот, тухмиҳои хушсифати дараҷаи элитаи гандум, картошка, пахта ва дигар зироати афзалиятнок, воридоти нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо барои нест кардани ҳашароти зараррасон, аз ҷумла малах, харидорӣ намудани модарзанбӯр бо мақсади афзоиши истеҳсоли асал ва содироти он ба Давлати Қатарро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо  доир ба бунёди бинои нави таълимии замонавӣ барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мубодилаи афкор намуданд.

АКС аз Вазорати кишоварзии ҶТ

Август 24, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд