Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нурободро мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 20, 2021 14:57

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нурободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба фаъолият оғоз намудани иншооти мазкур мушкилоти кормандони ҳизбро дар самти норасоии ҷой ва шароити зарурӣ пурра ҳал намуда, барои фаъолияти босамари кормандони ҳизб имконият фароҳам овард.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар он утоқҳои барҳавои замонавӣ ҷой дода шудаанд. Аз ҷумла, шаш утоқи корӣ бо назардошти тамоми имконот барои кормандони кумитаи иҷроияи ҳизб ташкил гардида, дигар иншооти ёрирасон низ дар бинои нав бунёд ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо ташаббуси соҳибкорону шахсони саховатпешаи ноҳия аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд гардида, бо тамоми таҷҳизоти муосири корӣ таъмин мебошад. Ошёнаи якуми бино аз утоқҳои кормандон, қабати дуюм аз маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст ва толори хурд иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон дар қабати сеюми бино ҷой дода шудаанд.

Дар бинои нав барои кормандони Кумитаи иҷроияи ҳизб ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати фаъолият дар самти ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азиз имконоту шароити мусоид фароҳам мебошад.

Иншоот бо истифода аз санъати баланди  меъморӣ  бунёд карда шудааст. Қобили зикр аст, ки атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст.

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод ба Роҳбари муаззами ҳизб барои фароҳам овардани шароити мусоид, таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбат ба  фаъолияташон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ба истифода додани бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нуробод 20.09.2021

Сентябрь 20, 2021 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд роҳҳои маҳаллаҳои навбунёд мумфарш ва хиёбонҳои асосӣ васеъ карда мешаванд
Қоҳир Расулзода дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо рафти корҳои созандагӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ шинос шуд
Дар Конибодом иншооти нави иҷтимоию саноатӣ ва истироҳатӣ бунёд карда мешаванд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд