Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғози расмӣ бахшиданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар шаҳраки Дарбанд ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.
Мавриди ёдоварист, ки 7 июни соли 2021 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нуробод оғоз гардида буд ва тибқи лоиҳа, марҳилаи якуми он дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муҳлати муайянгардида мавриди истифода қарор дода шуд.
Иншооти фарҳангӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати умумии 12,6 гектар дар ду марҳила бунёд мегардад. Нахуст Сарвари давлат парда аз рӯйи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардошта, ба фаъолияти ин иншооти фарҳангӣ, ки дар водии Рашт яке аз аввалинҳо шумурда мешавад, оғоз бахшиданд. Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр қомат афрохта, аз ҷониби ҳайкалтарошони варзидаи кишвар сохта шудааст. Атрофи муҷассама бо сангу гулҳои ороишӣ зебо гардонида шуда, ба зебоии маркази ноҳия таровати тоза зам менамояд.
Ҳамчунин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи мазкур Нишон ва Парчами давлатиро ифтитоҳ карда, чун рамзи эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ба сутунпояи онҳо гулчанбар гузоштанд. Қобили зикр аст, ки Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шуда, сутунпояи Парчами миллӣ 50 метрро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи якум, тибқи лоиҳа, дар ҳудуди иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, кашидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ, сафолакпӯш кардани роҳрави асосӣ ва гулкориву майсазор намудани маркази боғ ба нақша гирифта шуда буд, ки имрӯз пурра анҷом ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулину сохтмончиёни иншооти фарҳангӣ аз натиҷаи корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нурободро ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нек арзёбӣ карданд.
Бо таваҷҷуҳ ба сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат сокинони ноҳияи Нуробод ваъда доданд, ки минбаъд низ сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии сиёсии кишварро дастгирӣ карда, дар пешрафту шукуфоии ватани азиз саҳми муносиб мегузоранд.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди қисмати марказии Шаҳраки Дарбандро, ки бо дарозии 1,6 километр бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия ва аз ҷониби мутахассисону роҳсозони ватанӣ амалӣ карда шуд.
Ба иттилои масъулин, дар раванди бунёди роҳ ҳамчунин бо дарозии 1,6 километр қубурҳои оҳану бетонӣ ва роҳҳои пиёдагард пурра навсозӣ шуда, аломатгузории роҳ ва чароғонкунии он низ мувофиқи стандартҳои муосир анҷом дода шудааст.
Зимни боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи корҳои сомонёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам обод намудани роҳу гулгаштҳо дастуру супоришҳои мушахас доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ғунчаи баҳор»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






