Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

Сентябрь 20, 2021 16:20

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиши дастранҷи мардум ва ҳунармандони чирадасти ноҳияи Нуробод, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳамраъйии онҳо нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ изҳори сипос намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Нуробод даҳҳо марказҳои касбомӯзии хурду бузург ба фаъолият пардохтанд, ки ҷиҳати соҳибкасб гардонидани насли ҷавон нақши муассир доранд.

Пешвои муаззами миллат ба ҳунару маҳорати волои занону бонувони ноҳияи Нуробод баҳои баланд доданд.

Бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифода аз тухмиҳои хушсифат кишоварзони ноҳия мувофиқи дурнамо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, тавонистанд дар таъмини амнияти ғизоии мамлакат саҳми муносиб гузоранд. Дар самти боғдорию токпарварӣ ноҳияи Нуробод дар мамлакат мавқеи хосса дошта, маҳсулоти ниҳоии он ба бозорҳои минтақа ва шаҳри Душанбе содирот мегардад. То имрӯз майдони боғу токзори ноҳияи Нуробод мутаносибан 470 ва 2 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда мешавад.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Нуробод 20.09.2021

Сентябрь 20, 2021 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Физулии Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди Саудии Рушд Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд