Ҳамаи гурезаҳои афғон Узбекистонро тарк карданд — Вазорати корҳои хориҷӣ

Сентябрь 14, 2021 15:35

ДУШАНБЕ, 14.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду рӯзи охир ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон, ки дар қаламрави Узбекистон буда,  марзро ғайриқонунӣ убур кардаанд, ба кишвари дигар интиқол дода шуданд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Юсуп Кобулҷонов хабар дод (ДАР АКС).

 Ба гуфтаи ӯ, бинобар рӯйдодҳои маълум дар Афғонистон гурӯҳи низомиёни собиқ ва намояндагони аҳолии осоиштаи ин кишвар ғайриқонунӣ марзи давлатии Узбекистонро убур карда, боздошт шуданд. «12-13 сентябр ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон, ки дар қаламрави Узбекистон буданд, ба дигар кишвар интиқол дода шуданд»,-гуфт Ю. Кобулҷонов.

Қариб як моҳ пеш халабонҳои афғон бо чархболу ҳавопаймоҳои Неруҳои ҳавоии Афғонистон марзи Узбекистонро убур карданд. 16 август Прокуратураи генералӣ хабар дод, ки 22 ҳавопаймои низомӣ ва 24 чархбол бо 585 низомии мусаллаҳи афғон ғайриқонунӣ аз ҳарими ҳавоии кишвар убур кардаанд (баъдан хабар дода шуд, ки хабар пурра тасдиқ нашудааст). Ҳангоми ҳамроҳӣ ҳавопаймои МиГ-29-и Узбекистон ва Embraer 314-и Афғонистон бархӯрданд.

Охири моҳи август WSJ бо такя ба мақомот хабар дод, ки ҳукумати  Узбекистон ИМА-ро аз нақшаи ихроҷи халабонҳои афғон бо хонаводаҳояшон аз ин кишвар огоҳ намудаанд. Нашрия инро ба талаби ҷунбиши “Толибон” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) рабт дод, ки аз Узбекистон даъват кардааст ҳавопаймо ва чархболҳоеро, ки халабонҳои Афғонистон бо онҳо омадаанд, баргардонад.

Аввали моҳи сентябр Reuters гуфта буд, ки халабонҳои афғон ва дигар шахсоне, ки дар урдугоҳи хаймавӣ дар Узбекистон ҷойгиранд, аз дубора бозгардонидани онҳо ба ватанашон метарсанд. «Агар моро баргардонанд, ман 100% боварӣ дорам, ки моро мекушанд», — гуфт яке аз халабонҳо.

                  АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон

Сентябрь 14, 2021 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид